Яке хост, ки аз Лидуш мухолифи ҳукумат насозам. Паёми Лидуш Ҳабиб рӯшан ва маҳкам аст. Онро намешавад ба гунаи дигар тавзеҳ дод. Шоир баёни сода дошт ва ба фаҳми мардум наздик. Мавқеъи ӯро аз таронаҳояш аз гуфтораш мехонему дарк мекунем. Ӯ миёни мардум мегашт ва виҷдони умум буд.
Ҳукумат ҳам ба хотири ҳукумат буданаш як қудрати бегуноҳ нест, гарчанде ҳоло барои вуҷуди чунин пиндор таъкиди бештар мешавад. Вақте аз ҷониби ҳукумат садои ноодилонае баланд мешуд, муқобили худ Лидушро медид. Инро мо дар бештари таронаҳояш мешунавем.
Таронаи "Ҳофизо шеъри ту..." яке аз онҳост. Дар ин тарона аз замонае шикоят мекунад, ки дар раъси он " мурдор" истодааст. Илму маърифатро қадре намондааст. Қонун навишта мешаваду риоя на. Мардум гирифтори азобу мулк валангор. Тавонмандонро айбашон пӯшида мемонаду заъифони бегуноҳ айбдор мешаванд. Роҳбарон чонибдори «зурҳо"
Ин қадрдорҳои "мурдор" дар ҳар ҳукумате буданд ва ҳастанд. Гоҳе ҳам онҳо роҳбари як шӯъба ҳастанд, гоҳе раиси вилоят ва гоҳе ҳам вазирону кабирон.
Виҷдони умум дар шахси шоири мубориз чун Лидуш доим пеши онҳо мехезад. Насле ҳам зери таъсири афкори ӯ фарҳанги озодагиро дар худ тарбия карданд. Ҳоло ҷавонони гитор ба даст, ки паёми кӯчаро ба долонҳои ҳукумат меоранд зиёданд.
Ба ин талошҳо мо бояд назари нек дошта бошем. Чунки миллатро ҳамин интиқод месозад. Вагарна ҷуз ҳаявоне дар мазҳаби созиш ва мӯҳтоҷ ба калтаки чӯпон нахоҳем дошт. Аз ин гуна мардум хиёнатпеша хезад.
Лидуш амсоли табиб захмҳои навро марҳам мешавад, то он кӯҳна нашаваду бар ҷон хатар.(Рустами Ҷонӣ)