Бо тамоми бурду бохташ тоҷикам фахри ман аст,
Хираду фарҳанги волояш ин ҳама баҳри ман аст.
То даме, ки ман набинам миллатамро сарҷамъ,
Тоҷу тахту айшу ишрат ин ҳама заҳри ман аст.
Гарчи айём кард маҳдуд марзу бумашро вале,
Ҳам Самарқанд, ҳам Бухоро ба Худо шаҳри ман аст!
Эй дилу ҷонам Самарқанд!
Эй дилу ҷонам Бухоро!
Тоҷикистонам Самарқанд!
Тоҷикистонам Бухоро!