Дар боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ба муносибати 80-солагии Ғалабаи Бузург дар доираи иқдоми байналмилалӣ ба хотири сарбозони кушташуда дар ҶБВ ниҳолҳо шинонда шуданд.
Ташкилкунандагони ин маърака “Хонаи русӣ” ва консулгарии Русия дар шаҳри Хуҷанд буда дар он ризокорони ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии “Ихтиёриёни Ғалаба” иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки ҳадафи чорабинии байналмилалии "Боғи хотира" шинонидани 27 млн дарахт ба хотири ҳар як қурбонии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад, ки рамзи поси хотири онҳост. Ҷараёни ниҳолшинониро дар навор бубинед.