Хабаргузории афғонӣ AIP иттило медиҳад, ки сафорати Афғонистон дар Тошканд ба Имороти Исломӣ интиқол дода шудааст. Ҷониби Ӯзбекистон дар ин бора то ҳол иттилоъи расмӣ надодааст. Ба иттилои ин ниҳод, Имороти Исломӣ намояндагони худро ба Тошканд фиристод ва маросими расмии супоридани эътимоднома баргузор шуд.