Ба номи Худо
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист
Салом, меҳмонони хуби Худо
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт
Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт
Худоро шукр мекунем, ки бори дигар тавфиқи ҳузур дар меҳмонии Худо ва баҳрамандӣ аз моҳи шарифи Рамазон, моҳи баҳори Қуръон ва нишоти имонро ба даст овардем ва рӯза гирифтем. Ба шукронаи анҷоми ин ибодат ва дарёфти ҷоизаи раҳмату мағфирати Худованд аввали моҳи Шаввол иди саъиди Фитр аст. Ин иди саъидро ба ҳамаи шумо бинандагон ва шунавандагони азиз табрик мегӯем ва аз Худованд қабулии аъмол ва раҳмату мағфират ва беҳтарин тақдирро барои ҳамаи мусулмонон талаб мекунем.
Бо тавфиқи Худо дар моҳи шарифи Рамазон бо 30 қисмат аз барнома "Як оят се паём" бо мавзӯъҳои муҳим дар хидмати шумо будем ва умедворем ҳамчунон тавфиқи илоҳӣ рафиқи мо бошад ва дар маҳзари Қуръон ва дар хидмати шумо бошем.
Пас барномаи худро дунбол кунед ва моро аз назару дидгоҳи созандаи худ баҳраманд намоед.
То "Як оят ва се паём"-и дигар, ки меҳмони нигоҳ ва симои чун моҳи шумо хоҳем буд, Худо нигаҳдор!
Худоё, ба ҳамаи меҳмононат беҳтарин подош ва беҳтарин сарнавиштро насиб кун ва мазлумонро бо ҷазои золимон халосиву амният ато кун!
Илоҳӣ омин!
Илтимоси дуо!
Иди Фитри 2022