Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки пайваста барои фаъолиятҳои тиҷоратӣ ва маҳдудияти интернет танқид мешавад, гуфт, гузоришҳои охир дар бораи мушкилот дар кору зиндагиаш "ҳақиқат надорад".
Ӯ гуфт, мисли қабл вазифаи худро иҷро мекунад.
Ахиран баъзе аз сомонаҳои интернетӣ навиштанд, ки Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, аз Кумитаи андоз 90 миллион сомонӣ қарздор шуда, равобити хонаводагии писари ӯ бо духтари президент қатъ гардидааст.
Бег Сабур гуфт, қарзи ниҳоди зери раҳбариаш ҳудуди як миллион сомонӣ буда, “қарзи ҷорӣ” аст, ки давра ба давра пардохт мешавад.
Бег Сабур яке аз мансабдороне аст, ки дар баробари кори давлат ба тиҷорат машғул аст ва ҳамин мавзӯъ мояи интиқоди ӯ мебошад.
Дар як таҳқиқоти журналистӣ, ки аввали моҳи марти имсол дар "Cabar" (як бахши Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ)чоп шуд, хабарнигор Ё.Ҳалимов навишта буд, Бег Сабур бештари вақти худро на бо корҳои Хадамоти алоқа, балки бо сохтмону тиҷорат мегузаронад.
Ин мансабдори тоҷик аз он нигаронӣ кард, ки баъзан ҳангоми танқид аз кори ӯ ба зиндагии хонаводагии фарзандонаш дахолат мешавад.
Бег Сабур ҳамагуна хабарҳоро дар бораи гӯё ҷудошавии писари ӯ аз духтари раисҷумҳур рад кард. Ӯ гуфт, аъзои оила аз шунидани ин хабар ҳайратзада шудаанд.
Зарина Раҳмонова, духтари шашуми президент ва муовини раиси "Ориёнбонк” бо Рамз Зуҳуров, писари Бег Сабур соли 2014 издивоҷ кардааст.
Бег Сабур гуфт, “қудо шудан бо президент осон нест. Худатон ҳам фикр кунед. Ин нафар бо президентҳои дунё гуфтугӯ мекунад ва имкониятҳои худро дорад. Метавонад бо тамоми нерӯву тавоноии худ таҳлил кунад. Ман ҳамаи марҳилаҳоро гузаштам. Ҳатто метавонед ФСБ ё хадамоти амнияти Русияро бипурсед, ки ин одам кӣ буд. Аз нафароне ҳастам, ки дар кори худ аз адолат кор мегирам”.
#Tajikistan #Dushanbe # Душанбе
#Таджикистан #Тоҷикистон #Begsabur #bgibega