Хусейн Насриддинов
Бархез, ки пойи қадами ёр ғанимат
Дар фурсати кутоҳ дидори ёр ғанимат
Донӣ, ки чаро мурғи саҳари мекунад фарёд
Дар даҳр дили дидаи бедор ғанимат
Ману ту бо ҳамем эй ҷон, ҳамин дамро ғанимат дон
Нигаҳ ҳайрону дил гирён, ҳамин дамро ғанимат дон
Биё биншин ба паҳлуям, чу дастам гир шав ҳамдам
Тарраҳам кун биё ҷононам, ҳамин дамро ғанимат дон
Лаби дарёи пуртуғён ману ту бо ҳам сангем
Чу мавҷ дар печу печон аст, ҳамин дамро ғанимат дон
Пас аз мову ту ҳам олам, чунон ҳасту мемонад
Яқин мо меравем аз олам, ҳамин дамро ғанимат дон
Чу руде, ки равон аст аз ту қафо ҳаргиз намегардад
Равад ин умр ҳам тезон, ҳамин дамро ғанимат дон