Гуфтам: Манам аҳли хато.
Гуфтики бахшидам биё!
Гуфтам: Шикастам тавбаҳо.
Гуфтики бахшидам биё:
Гуфтамки эй Саттори ман,
Эй ҳазрати Ғаффори ман.
Ман бар худам кардам ҷафо,
Гуфтики бахшидам биё!
Гуфтам: Ки аҳволам бад аст.
Аз бас гуноҳам бе ҳад аст.
Бахшидаи ин бандаро?
Гуфтики бахшидам биё!
Гуфтам: Ки нафсам саркаш аст.
Ҷоям даруни оташ аст?
Иғфирлано, иғфирлано.
Гуфтики бахшидам биё!