Ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар самти содирот ва дарёфти роҳҳои тавсеаи муносибатҳои тиҷоратӣ дар мулоқоти Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар баррасӣ гардид.

Дар ин хусус «Ховар» бо истинод ба Агентии содирот хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки соли 2024 гардиши савдои хориҷӣ байни ҷонибҳо 58 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2023 10,1 фоиз зиёд мебошад.
Инчунин дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи зиёд намудани номгӯйи маҳсулоти содиротии ватанӣ ба бозорҳои Покистон, таъсиси маркази муштараки логистикии содиротӣ дар ҷумҳурӣ ва баромадан ба логистикаи баҳрӣ тавассути бандарҳои Карочӣ, Гвадар ва Қосимии Ҷумҳурии Исломии Покистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тарафҳо барои ҳамкорӣ изҳори омодагии худро баён намуданд. https://tajikpress.com/2025/02/24/%d0%b1%d0%b0%d1%80%d1%80%d0%b0%d1%81%d0%b8%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d2%9b%d0%b2%d0%b8%d1%8f%d1%82%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d0%bd%d0%be%d1%81%d0%b8%d0%b1%d0%b0%d1%82%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d1%82%d0%b8%d2%b7%d0%be/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев