Миёни Тоҷикистону Русия табодули афкори судманд атрофи ҳамкории ду кишвар дар таъмини амният ва суботи минтақавӣ сурат гирифт.
Ба гузориши манбаъ:
Дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар масъалаҳои муқовимат ба таҳдиду чолишҳо баргузор шуд, иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, машваратҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва Русия Сергей Вершинин роҳбарӣ карданд.
Дар чорабинӣ инчунин намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар ширкат намуданд.
Қайд карда шудааст, ки зимни машваратҳо табодули афкори судманд атрофи ҳамкории ду кишвар дар таъмини амният ва суботи минтақавӣ анҷом гирифт.
ВУХ-и Тоҷикистон қайд кардааст:
“Таваҷҷуҳи вижа ба фаъолияти муштараки Душанбе ва Маскав дар масоили муқовимат ба таҳдиду чолишҳо дар ҳошияи СММ, СААД, СҲШ, ИДМ ва дигар абзорҳои бисёрҷониба зоҳир карда шуд”.
Таъкид шудааст, ки машварат дар руҳияи ҳусни тафоҳуми хоси шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Вершинин гуфтугӯ кард. https://tajikpress.com/2025/01/21/баррасии-масоили-муқовимат-ба-таҳдид/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев