Вазири дифои Русия дар дидор бо ҳамтои Чинии худ ҳамкории низомии ду кишварро омили «барқарории субот» дар ҷаҳон донист.
Ба гузориши гуруҳи манобеи хабарӣ, “Сергей Шойгу”, вазири дифои Русия рӯзи се шанбе хитоб ба вазири дифои Чин таъкид кард, ҳамкории низомии ин ду кишвар боиси «барқарории субот» ва косташудан аз эҳтимоли ҷанг дар ҷаҳон аст.
Ба навиштаи хабаргузории “Рейтерс”, Чин дар муддати 14 моҳи гузашта аз замони оғози амалиёти низомии вижаи Русия дар Украина ба унвони муҳиммтарин шарики байналмилалии Маскав зоҳир шудааст.
“Ли Шанфу”, вазири дифои Чин дар ростои талоши Маскав ва Пекин барои таъмиқи ҳамкории низомие, ки нигаронии ғарбро барангехта, ба Русия сафар кардааст. https://tajikpress.com/2023/04/19/шойгу-чин-русия/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1