Маъшуқашро дид, ки сӯяш меояд. Падари духтар ҳам дар наздикии ӯ истода буд.
Духтар ба маъшуқаш гуфт: Оё ба хотири гирифтани китобе, ки номаш «Оё падар дар хона ҳаст?» аз Ёрк Дениэл нависандаи олмонӣ омадаӣ?
___Писар гуфт: на, ман ба хотири гирифтани китоби «Куҷо бояд бубинамат» аз Томас Мюнис нависандаи англис омадаам.
___Духтар дар посух гуфт: он китобро надорам, аммо метавонам китобе ба номи «Зери дарахти себ» аз нависандаи амрикоӣ Патрис Алферро пешниҳод кунам.
___Писар гуфт: хуб аст, аммо оё метавонӣ фардо китоби «Баъд аз 5 дақиқа тамос мегирам» аз нависандаи Испания Жуан Бернарро биёварӣ?
___Духтар дар посухаш гуфт: Бо камоли майл, зимнан тавсия мекунам китоби «Ҳаргиз танҳо намегузорамат» аз нависандаи фаронсавӣ Мишел Данилро бихонӣ.
___Дар ҳамин вақт падари духтар гуфт: Ин китобҳо зиёд аст. Оё ҳамаашро мутолиа хоҳа кард?
___Духтар гуфт: Бале падар, ӯ ҷавоне боҳуш ва кушо аст!
___Падар гуфт: Хуб аст духтари дӯстдоштаниям! Дар ин сурат беҳтар аст китоби «Ман аҳмақ нестам» аз нависандаи ҳолландӣ Франк Мартинезро ҳам бихонад. Ту ҳам агар бад нест, ки китоби «Барои арӯсӣ бо писари амаат омода шав» аз нависандаи рус Морис Станкевичро бихонӣ.
Қиссаҳо аз зиндагӣ.
ФОСИЛА.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев