Бе сояи зулфони ту дар банди азобам.
Беҳуда хазонам манамо ханда кун эй гул,
Ман зори ҳамон хандаю як нозу итобам.
Ҷонам ба лаб овард аламҳои ҷудоӣ,
Мегиряму сӯзам ҳама дар оташу обам.
Садпораву дилхун шуда то кай бикашад дард ,
Ин ҷонаки дар оташи ишқи ту кабобам.
Бе ëди ту ҷоно нафасе зистанам нест,
Як умр мани шӯрида дар ранҷу азобам.
Бадбахтӣ ҳамин аст туро дида набинам,
Бечорагӣ ин аст туро ҷуста наëбам.
Васли ту ҳама орзуи ошиқи сарсахт,
Кай аз лаби ту бӯсаму осуда бихобам.
Бе субҳи ҷамоли ту дар ин зулмати шабҳо,
Як ахтари хомушшудаи бетабу тобам.
Бе ту чӣ нишон аз ману аз шоириву шеър,
Ғамномаи ишқат ҳама ашъори китобам.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 30