Бар ҷавонмардони неку ҳақгузорон гиря кардам.
Ку ҷавониву нигорам?Ку нумӯи навбаҳорам?
Бар гули пажмурдаи ишқ,чун ҳазорон гиря кардам.
Ошиқи дилхун набинам,Лайлию Маҷнун набинам,
Бар дурӯғин ишқҳои дӯстдорон гиря кардам.
Меравам аз мулки ҷаннат,бо ҳавопаймои қисмат,
Аз дами дар то ба ғурбат,раҳсаворон гиря кардам.
Мешавам шӯридахотир,дида аҳволи муҳоҷир,
Ман ба фарзанди мусофир, чашмдорон гиря кардам.
Панду дарси умр гӯям,ханда месозад ба рӯям,
Бар мазоқу хандаҳои нобакорон гиря кардам.
Ғӯрамаргон карда такфин,сӯхт аз ғам ҷони мискин,
Бар хазони умри ширин,дар баҳорон гиря кардам.
Рафт модар дилшикаста,риштаи ҷонам гусаста,
Чун ятими паршикаста,дар канорон гиря кардам.
Омадам маҳзуну ранҷур,оҳ аз ҳасрат дилам пур,
Модарам дилташна дар гӯр,мисли борон гиря кардам.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 12