Падар. Чӣ вожаест пурмӯҳтаво. Чӣ оҳангест фораму гуворо. Чӣ номест бобақову рӯҳафзо. Чӣ қувваест, бахшандаи нерӯю тавон ба зиндагӣ ва умеду бовар ба имрӯзу фардо.
Чӣ қадар хислатҳои инсонии наҷиб ва нотаркоре доранд падарам...
Имрӯз падари меҳрубонам милоди баҳорӣ 58 - солагии умри хешро истиқбол мегиранд. Ҳамеша орзу менамоям, ки бо лутфу каромати Худованди таъоло мо фарзандон ба дарахтони азими пурмева бадал ёбем, то ки падару модари азизу меҳрубонам минбаъд дар сояи ин дарахтон ба роҳат давраи осудаи ҳаёти хешро гузаронанд ва аз дарахтони бо сад орзую ормон парваридаи боғи умрашон меваҳои шаккарин бичашанд.
Падарам. Падари мӯҳтараму мӯътабарам... Илоҳо, ҳамеша сиҳату саломат ва сарбаланду саодатманд бошед...Бигзор, ҳамеша бар сари мо фарзандон соябону ҷовидон бошед.
Бо эҳтироми бузург
ва самимияти афзун
фарзанди ҷигарбанду дилпайвандатон Бунёд!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 4