Предыдущая публикация
Ман дар ин бодия оҳанги хатар мебинам,
Қиммати одамиро зеру забар мебинам.
Чи басо бе хабарон тоҷи сари мо ву шумо,
Шайхи зоҳир задаро сояи хар мебинам.
Оқиле ному нишонаш ба фано рафта чаро,
Носиҳонро зи бадони бе асар мебинам.
Ҷойи гул хору хасе рӯидаанд ин шабу рӯз,
Марди кутаҳназар-ро аҳли басар мебинам.
Он киро ақлу ҳаё **** накӯ дар дили ӯст,
Як ғариби бе касею дар ба дар мебинам.
Ҷуз ҳақиқат накушӯдам ба Худо бобу даре,
Ҷои Иқболи замонро пушти дар мебинам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев