Ҳар Паёми Пешвои хирадманди миллатамон бо як хусусияти хоси худ аз дигар паёмҳое, ки ҳамасола ироа мешаванд, фарқ мекунад. Имсол низ Паёми Сарвари кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷиҳати фарогирии масъалаҳо, фарохии диду назар ва масъалагузориҳои муҳим хеле ҷолиби диққат аст ва бешубҳа, метавонад дар давоми соли оянда ҳама соҳаҳои давлатамонро ба ҷунбишу такон оварад ва барномаи амали ҳар яки мо бошад.
Барои ман хеле хушоянду ибратбахш буд, ки дар Паёми имсола Пешвои муаззами миллат ҳангоми таҳлилу баррасии ҳар як соҳа аз мавқеи манфиатҳои миллӣ ва ватандўстӣ муносибат доштанд. Яъне манфиатҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ ва мардумсолорӣ меҳвари асосии суханронияшон аз авал то охир буд. Бинобар ин, зимни таҳлили бурду бохти соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат такрор ба такрор таъкид намуданд, ки ҳар яки мо бояд ба Ватан содиқона хидмат кунем, Ватани худро самимона дўст дорем, ба умеди дигарон нашавем ва барои рушду пешрафти кишварамон сарҷамъу муттаҳид бошем. Ин суханҳо аз забони Пешвои миллат хеле самимона ва пурҳарорат гуфта шуданд ва маълум буд, ки аз умқи дилашон баромадаанд. Ва низ чандин бор бо эҳсоси баланди ватандўстӣ иброз доштанд, ки мо бояд аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошем, зеро мардуми қадиму соҳибасолат ва тамаддунофар ҳастем.
Боварии комил дорам, ки Паёми мазкур мисли паёмҳои пешина кишвар ва мардуми моро ба зинаи болотари рушду камол мебарорад ва ба созандагиҳои бунёдкориҳои нав ба нав таҳрик медиҳад.
Толиби Л,
таҳлилгар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев