Зан аз назари Ислом, амонати Худо дар дасти шавҳар ва аз назари дахолат дар умури зиндагӣ, шарики мард ва аз назари тарбияти фарзандон модари хонавода аст! Ҳар марди мусалмон вақте издивоҷ мекунад, бояд ҳамсарашро эҳтиром кунад ва ҳаргиз ӯро озору азият накунад ва ӯро таҳқир нанамояд ва ба истеҳзо нагирад.
Худованд мефармояд:
“Ва ба онон (занон) ба некӯӣ рафтор кунед”, сураи Нисо, ояти 19.
Имом Содиқ(р) фармудаанд: “Ҳар кас занеро ба ҳамсарӣ ихтиёр кард, бояд ӯро гиромӣ дорад ва ба ӯ эҳтиром гузорад”. (Биҳор-ул-анвор, 103/224)
Ҳазрати Алӣ(р) мефармоянд: “Занон амонати Худо дар дасти шумо ҳастанд, ба эшон зиён нарасонед ва бар онҳо сахтгир набошед”. (Мустадрак-ул-васоил, 4/251).
Ҳамон гуна ки тамоми амонатҳои илоҳӣ арзишманд ва қобили икрому эҳтиром аст, зан низ бояд он гуна ки шоиста аст, мавриди эҳтироми шавҳараш қарор гирад; зеро дар қиёмат Худованд аз амонатҳои худ суол мекунад, ки бо онҳо чӣ гуна рафтор кардед, оё ҳаққи амонатдориро баҷо овардед?!
Худованд ҳамаи моро дар амри такрими ҳамсар ва апмонатдории некӯ муваффақ бидорад.
ХАККИ ЗАН БОЛОИ ШАВХАР.
Хангоме , ки бар зан итоъат шавхар вочиб бошад шавхар низ маъур аст , то ба зан мехрубон ва гамхор буда барояш хайру эхсон кунад . Илова бар ин вочиб аст нафака ва сару либоси занашро ба кадри кофй ва зарурй таъмин намояд ва муъоширати нек бо у дошта бошад . Аз чумлаи ин вочибот инхоянд :
Муъошират ба тарзи писандида аз чихати фармудаи Аллох таъоло дар ояти 19 сураи нисо :
" و عاشروهن بالمعروف " ( النساء:19 )
Яъне : « Ва гузора кунед бо занон ба вачхи писандида !»
Ва дар ояти 228 сураи бакара омадааст :
" و لهن مثل الذي عليهن بالمعروف " ( البقرة : 228 )
Яъне : « Ва занонрост монанди ончи мардонро бар эшон аст , мувофики коъидаи шаръй ба вачхи писандида .»
Яъне ончи лозим аст , ки барои шавхархояшон некй ва эхсон намоянд , инчунин мустахиканд , ки шавхархояшон чунин муъомила бо онон анчом бидиханд .
Дар ривояти Абудовуд расулуллох (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар чавоби саволи мо болои моён чй хукук доранд ? чунин посух доданд :
" تطعمها إذا طعمت و تكسرها إذا اكتسبت ولا تضرب الوجه ولا تقبح ولا تهجر إلا في البيت " ( رواه أبوداؤد )
Яъне : « Чун таъом хурдй уро низ аз он инъом намо ва чун барои худ чома карди барои у низ чома пушон дар руи зан мазан зишташ магу ва бар ду чахр макун ба чуз дар хона !»
Зан аз умури дин мисли тахорат ва намоз таълим бидихад ; хочати зан ба таълим аз хочати ба таъом ва пушок бештар аст .
Байни занонаш адл ва баробарӣ намояд , агар якчанд зан дошта бошад .
Сирри занашро бо касе ифшо нанамояд .
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1