Имсол ҳамаи мо бесаброна моҳи шарифи Рамазон, моҳи иҷобат дуоҳоро интизорем. Моҳи Рамазон имсол 22 март оғоз меёбад.
Рамазо́н (ар. رمضان) — моҳи нуҳуми "солшумории қамарӣ", миёни моҳҳои шаъбон ва шаввол; афзали моҳҳо назди мусулмонон, моҳи нузули Қуръон, моҳи кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд ва моҳи нузули Қаръон ба ҳазрати Муҳаммад (с) – паёмбари бузурги Ислом[1].
شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ وَمَنْ كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَى سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ وَلِتُكْمِلُوا الْعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَى مَا هَدَاكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ  
«Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он барои ҳидояти мардум ва нишонаҳои роҳи рост ва ҷудосозанда (-и ҳақ аз ботил) Қуръон фиристода шуд»[2].
Дар ин моҳ дарҳои раҳмати Худованд ба рӯи инсоният кушода гардида ва баракоти бепоёни ӯ бар вай фуруд омадааст ва он шабе, ки нузули Қуръон дар он сурат гирифта, аз сӯи Худованд шаби Қадр ба маънои шаби боарзиш ва дорои ҷойгоҳи хосе номида шудааст.
إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ  
«Мо он (Қуръон)-ро, бе шак, дар шаби «Қадр» нозил намудем»[3].
Илова бар ин, Худованд барои афзудани баракоти ин моҳ рӯзаи онро бар муъминон фарз гардонида, онро бар дигар моҳҳо бартарӣ бахшидааст[4] ва онро барои бандагонаш ба ид ва зиёфате табдил додааст. Дарҳои биҳиштро дар он моҳ кушуда, даромадгоҳҳои дӯзахро (ба бузургдошти он) фурӯ баста ва шайтонҳоро дар занҷир афкандааст, (то зиёфати ӯро бар бандагонаш табоҳ насозанд)[5].
Рӯзаи моҳи Рамазон бар асоси ҳадиси «Ислом бар панҷ чиз бино ёфтааст…» пас аз намоз ва закот чаҳорумин рукни бинои Ислом ба шумор меравад
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ  
«Рӯзаи (моҳи Рамазон) бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна ки бар гузаштагони пеш аз шумо фарз гардида буд, то ба василаи он тақво (ва худсозӣ) намоед!»
Ҳамчунин бояд шахси рӯзадор аз дурӯғгӯӣ, ҷаҳолат, сухани бад ва дигар амалҳои зишт дур бошад.
«Касе (дар моҳи Рамазон) суханони дурӯғ, амал кардан ба он ва ҷаҳолатро тарк накунад, Худо ҳеч ниёзе ба тарки хӯрдан ва нӯшидан – рӯзаи вай надорад!»
Рӯза муҳимтарин василаи худсозӣ, олитарин мактаби тарбияи рӯҳ ва бинои шахсияти инсон ва беҳтарин барномаи рушд ва такомули маънавии мардум ва ҷомеа мебошад
Паёмбар (с) мефармояд: «Ҳарки шабҳои Рамазонро бо имону ихлос барпо дорад, гуноҳони гузаштаи у бахшида мешавад»
Паёмбар (с) некутарини мардум буд, ва дар моҳи Рамазон аз ҳама вақтҳо бештар некутар мешуд, ва дар ба ҷо овардани хайр аз сареътарин шамол ҳам сареътар буд, чуноне ки мефармояд: «Беҳтарин садақа, садаи Рамазон аст»
Назар ба инки Қуръони Карим дар моҳи мубораки Рамазон нозил шуда ва тиловати оёт дар ин моҳ фазилати бисёре дорад, дар ҳадисҳои исломӣ, аз моҳи Рамазон ба унвони баҳори Қуръон ёд шуда аст, чунонки ҳазрати имом Боқир (а) мефармояд «Ҳар чизе баҳоре дорад ва баҳори Қуръон моҳи Рамазон аст»
«Паёмбар (с) дар ҳар Рамазон даҳ рузи охирашро эътикоф менишаст ва соле ки дар он вафот кард бист рузи Рамазонашро эътикоф нишаст»
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6