Фильтр

ХУМОРИ ВАТАН....

*****
Маро дил мешавад, ҳардам хуморӣ,
Биёям, андар оғӯши баҳорат.
Биёям, бӯсаборон боз созам,
Ҳамон хоки азизи зарнисорат.
Ватан, ҳардам дилам гум мезанад, гум,
Ба ёди теппаҳову кӯҳсорат.
Аҷаб буд, давраҳои кӯдакиам.,
Чунон хушбахт будам, дар канорат.
Дили садпораи ман дар ғами ту,
Шуда афгор надорад, ҳеҷ ҷасорат.
Бароям эй, Ватан, ин ҳам кофист,
Ба чашми дил туро дорам, назорат.
Куҷое, Иззати зори ту бошад,
Зи ҳарсц оядаш, аз ту башорат.
✍️ Иззати Хатлони.
19.04.2025.
ХУМОРИ ВАТАН.... - 964659821152
ХУМОРИ ВАТАН.... - 964659821152
  • Класс

ВО ҒАРИБ....

*****
Дил муқимӣ кӯи ҷонон асту мо ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтани танҳо ғариб.
Орзӯманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон, то чанд гардам,бе сару бе по ғариб?!
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо,
Меҳнати ғурбат надонад, ҳеч кас, Илло, ғариб.
Ҳаргиз аз роҳи карам рӯзе напурсидӣ, ки чист,
Ҳоли зори мустамандӣ монда дур аз мо ғариб.
Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,
Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ ки афтад бо ғариб?
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибо, во ғарибо, во ғарибо
во ғарибо.
✍️Камоли_Хуҷандӣ.
ВО ҒАРИБ.... - 964634020960
  • Класс

ДАСТАМ БА ДУО, ДАР ҲАҚҚИ МАРДУМИ ҒАРИБ....🤲❤️

*****
САД СОЛ ГУЗАРАД, ҲАМ ДИЛАМ ОРОМ НАШАВАД,
БЕ КУЛФАТУ ҒАМ, СУБҲИ ДИЛАМ ШОД НАШАВАД.
ДАСТАМ БА ДУО, ДАР ҲАҚҚИ МАРДУМИ ҒАРИБ,
ХОҲАМ, ЭЙ ХУДО, МИЛЛАТАМ БАДНОМ НАШАВАД!...
ДАСТАМ БА ДУО, ДАР ҲАҚҚИ МАРДУМИ ҒАРИБ....🤲❤️ - 964471210336
ДАСТАМ БА ДУО, ДАР ҲАҚҚИ МАРДУМИ ҒАРИБ....🤲❤️ - 964471210336
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс

🌹НАВРӮЗИ АҶАМ МУБОРАК ДӮСТОН 🌹

🌹НАВРӮЗИ АҶАМ МУБОРАК ДӮСТОН 🌹 - 964068777568
🌹НАВРӮЗИ АҶАМ МУБОРАК ДӮСТОН 🌹 - 964068777568
  • Класс

ГУЛҲОИ ВАТАН НАЧИДААМ...

Гулҳои Ватан начидаам, даҳ сари сол,
Дидори Ватан надидаам, даҳ сари сол.
Мебинамаш, аз харитаи деворӣ,
Дурии Ватан кашидаам, даҳ сари сол.
То хонаи ман масофаи бисёр аст,
Расмам ба ду чашми чор дар девор аст.
Аз рӯи ман оинаи ман сер нашуд,
Оинаи ман мунтазири дидор аст.
Эй акс, нишони рӯи моҳе будӣ,
Аз тозаҷавониам гувоҳе будӣ!
Ман пир шудам, вале ҷавонӣ ту ҳанӯз,
Ҳаққо, ки рафиқи нимароҳе будӣ.
Умрест, ки ҳаст чашми ман абролуд,
Борони сиришки ман даме канда нашуд.
Аз тарки Ватан, ки даҳ сари сол гузашт,
Даҳ сол ҳавои чашми ман соф набуд.
✍️Абарустод Бозор Собир
ГУЛҲОИ ВАТАН НАЧИДААМ... - 964021346400
ГУЛҲОИ ВАТАН НАЧИДААМ... - 964021346400
  • Класс

ЗИНДАГӢ...

****
Он қадар аз зиндагонӣ сер гаштам,
Аз худу аз дигарон дилгир гаштам.
Мекашам, дар пушт бори мардикорӣ,
Зери кӯҳи ранҷу меҳнат зер гаштам.
Пиртар аз худ касе, дигар надидам,
Навҷавониро надида, пир гаштам.
То, ки ёбам, роҳи дигар дар ҳаётам,
Аз паси ҳар чораву тадбир гаштам.
Хонабони ман нашуд, ҳамсояи ман,
Бар дари ҳавлии худ занҷир гаштам.
Аз ҳама ёрон қафо афтодаам, ваҳ,
Дар сафар ман дур мондам, дер гаштам?!...
Абдувоҳид ҶАББОРПУР
Самарқанд – 28.12.2019
ЗИНДАГӢ... - 963978782304
  • Класс
Показать ещё