Имрӯз зи мо соле агарчӣ ба сар ояд,
Як соли наве аз пайи ӯ пушти дар ояд.
Бо тозагиву дабдабаву шаъну шаҳомат,
Бо ҳусни барозандаву бо карру фар ояд.
Бар ошиқе, ки соли куҳан ранҷҳо кашид,
Бошад, ки дар ин сол нигораш ба бар ояд.
Бар синае, ки як гуле аз шодӣ нарӯид,
Шояд, ки ба гулбоғи умедаш самар ояд.
Эй кош, намонад ба ҷаҳон тухми сияҳкор,
То сулҳу адолат ба тамоми башар ояд.
Ҳар нақшаи нопоки разилони ҷаҳонсӯз,
Аз байн талаф ёбаду зеру забар ояд!
Порина агар зулмгаре буд, залил бод,
Имсол ба ҳар навъи бало ғӯтавар ояд!
Соли фараҳу шодӣ расад халқи ҷаҳонро,
Фавтад бадиву некиро бар ӯ зафар ояд!
Бар халқи ғарибу зи ватан дуру парешон,
Як соли пур аз манфиъату босамар ояд!
Аз байн равад фитнагару хоину бадкор!
Амну сиҳату офият аз бому дар ояд!
Хуш бод, касеро, ки ғами халқу ватан хӯрд,
"Гар хок бигирад ба кафаш ҳамчу зар ояд!"
Оне, ки надорад ба дилаш шавқату раҳме,
Бар раҳмати ӯ кай зи Худояш назар ояд?!
Арзи суханат пеши касе кун, ки Муродӣ,
Аз шарбати ҳарфи ту ба комаш шакар ояд.
Бар хирасарон ҷавҳари андеша чи ронӣ,
Ҷав махарад оне, ки зи бозори хар ояд!
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5