Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель. Больше информации
Кош имруз дар барам ман ҳам падар медоштам,
Боз як давлат ба худ болои сар медоштам.
Бар гурухе аз падардорони бе мехру вафо,
Ибрате гардида, худ фарки дигар медоштам.
Моли дунё ёфтам лекин наёфтам ман падар,
Бо будаш як зиндагии пурсамар медоштам.
Зиндагиям бе падар бигзашту маъное надошт,
Шоми хуш бо буданаш файзи сахар медоштам.
Офтоби зиндагиро нур пошад модарам,
Шукри модар, бо падар дурру гухар медоштам.
Дида гирён дар рахаш рузе равам ман низ ба хок,
Хок бар сар ,эй Наби ,кошо падар медоштам.
{Набиҷон Шодиев}
1 комментарий
89 классов
---------- Соли нав ----------
Имрӯз зи мо соле агарчӣ ба сар ояд,
Як соли наве аз пайи ӯ пушти дар ояд.
Бо тозагиву дабдабаву шаъну шаҳомат,
Бо ҳусни барозандаву бо карру фар ояд.
Бар ошиқе, ки соли куҳан ранҷҳо кашид,
Бошад, ки дар ин сол нигораш ба бар ояд.
Бар синае, ки як гуле аз шодӣ нарӯид,
Шояд, ки ба гулбоғи умедаш самар ояд.
Эй кош, намонад ба ҷаҳон тухми сияҳкор,
То сулҳу адолат ба тамоми башар ояд.
Ҳар нақшаи нопоки разилони ҷаҳонсӯз,
Аз байн талаф ёбаду зеру забар ояд!
Порина агар зулмгаре буд, залил бод,
Имсол ба ҳар навъи бало ғӯтавар ояд!
Соли фараҳу шодӣ расад халқи ҷаҳонро,
Фавтад бадиву некиро бар ӯ зафар ояд!
Бар халқи ғарибу зи ватан дуру парешон,
Як соли пур аз манфиъату босамар ояд!
Аз байн равад фитнагару хоину бадкор!
Амну сиҳату офият аз бому дар ояд!
Хуш бод, касеро, ки ғами халқу ватан хӯрд,
"Гар хок бигирад ба кафаш ҳамчу зар ояд!"
Оне, ки надорад ба дилаш шавқату раҳме,
Бар раҳмати ӯ кай зи Худояш назар ояд?!
Арзи суханат пеши касе кун, ки Муродӣ,
Аз шарбати ҳарфи ту ба комаш шакар ояд.
Бар хирасарон ҷавҳари андеша чи ронӣ,
Ҷав махарад оне, ки зи бозори хар ояд!
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ
5 комментариев
13 классов
ҲАМИН ДУНЁ АЗ ОНИ МОВУ ТУ НЕСТ...
Чаро ҳарфи Худоро ҷустуҷу нест,
Чаро бо ҳарфи ширин гуфтугӯ нест.
Бародар бо бародар рӯ ба рӯ нест,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
Зану мардему ё пиру ҷавонем,
Ҳама меҳмони ин кӯҳна ҷаҳонем.
Агар сад соли дигар зинда монем,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
Ҳазорон сарвату давлат бубинем,
Гурусна чун фақире дона чинем,
Ба охир мо ҳама зери заминем,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
Агар боши фалон ибни фалони,
Ки охир сар ба хоки тира мони,
Аё банда макун асло калони,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
Ба давлат одаму соҳиби моли,
Ҳамеша зиндаги кун бо ҳалоли,
Дар охир мерави ту дасти холи,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
Ҳамеша соҳиби дунё Худо аст,
Ба дунё ман-мани кардан хато аст,
Зи Ҳоким ин суханҳо як нидо аст,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
Ҷаҳон аслан аз они мову ту нест