Предыдущая публикация
Дар санҷиши хеш сабуру масрур намо.
Гарчанд дилам тираю тор аст ҳанӯз,
Ту қалби маро тозаю пурнур намо.
То майл насозам ба гунаҳ ман зи ҳавас,
Ин дидаи ман ту беҳтараш кӯр намо.
Андар раҳи тоъатат диламро ё Раб,
Собитқадаму шуҷоу пуршур намо.
То қалбе зи дасти ман наёбад озор,
Ту лафзи маро ба некиҳо ҷӯр намо.
Дорам гунахе ки қоматам бишкаста,
Маъзур бидону гунаҳам дур намо.
Ҷӯёи Ҳақам сафо бидеҳ бар ҷонам,
Дар рӯзи ҷазо ба некӣ маҳшур намо.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев