Дило, дар сӯҳбате биншин, ки аз самъаш самар борад,
Гурез аз ҳалқае к- он ҷо , ба эмонат хатар дорад.
Бишав анбози он қалбе, ки ҳамроз аст бо қалбат,
Бикан дилро з-он ёре, ки ӯ майли дигар дорад...
Бирав, домони Модар гир, канори қиблагоҳ биншин,
Мунаввар ду ҷаҳон гардад, касе панди Падар дорад...
Ҳамеша меҳрубонӣ кун, чу меҳтар волидайнатро ,
Бубин лутфи Худовандӣ, ҳама умрат гуҳар орад...
Ба боғи фозилон по неҳ, зи ҷоми ъилм шарбат нӯш,
Бирав аз боғу бӯстоне, ки нахли бесамар дорад.
Зи марги душманат асло макун шодӣ, ки чун рӯзе,
Пайи он рафтагон аз даҳр, руҳи ту ҳам сафар дорад.
Канори беғамон ҳаргиз, магу ҳарфе зи андӯҳат,
Канори он нафар биншин,ки аз андӯҳ, хабар дорад.
Зи тақдири Худовандӣ, сабуру бо таҳаммул бош,
Ки фарде дигаре бадтар, зи ту умре ба сар дорад..
Дилшоди Рамазони
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2