Предыдущая публикация
Як хоҳише доштам чун бародари исломии ҳамаи шумо
Агар битавонед дар рӯз камаш 100 маротиба ба Паёмбари Ислом Муҳаммади Мустафо (с.а.в) салавот бифиристед
Як салавоте ки шумо мефиристед бар шумо 10 баробар бармегардад (яъне 1 ба 10) ба фикрам ин барои савоб гирифтан беҳтарин аст
Салавоте ки шумо мефиристед фардои қиёмат барои шумо дастгир мешавад
Салавоти шумо сабаб мешавад ки фардои қиёмат дар доираи шафоати Паёмбар қарор бигиред
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 18
Расулаллоҳ гуфтанд: ҳар касе як маротиба ба ман дуруду салавот бифристад,Аллоҳ ба ӯ даҳ маротиба раҳмат ато мекунад ва аз даҳ гуноҳаш пок месозад ва даҳ дараҷа баландмартаба мегардонад.
إِنَّ اللَّهَ وَمَلائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا [الأحزاب: ٥٦]
بیگمان الله و فرشتگانش بر پیامبر درود میفرستند؛ ای کسانیکه ایمان آوردهاید! بر او درود فرستید، و سلام بگویید، سلامی نیکو. [الأحزاب: ٥٦]
"Ба ростӣ, Аллоҳ таоло ва фариштагонаш бар паёмбар дуруд мефиристанд; [пас] эй касоне, ки имон овардаед [шумо низ] бар ӯ дуруд фиристед ва ба шоистагӣ салом гӯед" (Сураи Аҳзоб 56)
اللَّهُمَّ صَلِّ وَ سَلِّمْ عَلَى نَبِيِّنَا مُحَمَّدٍ.
"Аллоҳумма салли ва саллим ъала набиййина Муҳаммад."
Аллоҳ Субҳанаҳу ва таьала гуфт:
إن الله و ملئكته يصلون علي النبي يا أيها الذين أمنوا صلو عليه و سلموا تسليما.
Ҳароина Аллоҳ ва фариштагонаш ба Расулаллоҳ صلي الله عليه وسلم дуруду салавот мефиристанд,эй касонеки имон овардаед ба ӯ дуруду салавот бифиристед….
Дуруду салоти Аллоҳ, яьне Аллоҳ Расулаллоҳро дар назди фариштагон сано мегуяд.
Ин оят далолат мекунад, ки дуруду салому салавот ба расулаллоҳ як амри бузург аст.
Ҳукми салавот гуфтан: Уламо мегӯянд баъди тиловати ин оят дуруду салавот ба Расулаллоҳ воҷиб мегардад, аммо дар ҳолати шунидани номи Расулаллоҳ суннати муаккада мебошад ва касе номи Расулаллоҳро мешунавад ва дуруду салавот намефиристад ин бахилтарин инсон аст.
Чӣ гунае, ки Расулаллоҳ мегӯянд·
البخيل من ذكرت عنده فلم يصل علي.
【Ҳадиси саҳеҳ ривояти Тирмизи 】
Бахил касест, ки ман дар наздаш зикр карда мешавам, аммо ӯ ба ман дуруду салавот намефиристад. Дар ғайри ҳардуи ин ҳолат, дуруду салавот гуфтан мустаҳаб мебошад.
Фазилати дуруд ва салавот ба расул...Ещёبسم الله الرحمن الرحيم.

Фазилати дуруд ва салавот ба расулаллоҳ.
عن أنس ابن مالك رضي الله عنه قال قال رسول الله صلي الله عليه و سلم من صلي علي واحدة صلي الله عليه عشر صلوات و حطت عنه عشر خطيئات و رفعت له عشر درجات (رواه احمد، والنسائ،و حديث صحيح)
Расулаллоҳ гуфтанд: ҳар касе як маротиба ба ман дуруду салавот бифристад,Аллоҳ ба ӯ даҳ маротиба раҳмат ато мекунад ва аз даҳ гуноҳаш пок месозад ва даҳ дараҷа баландмартаба мегардонад.
Албатта дар ин боб ҳадисҳои бисёре вуҷуд дорад аммо барои амалкардан ва фаҳмидани фазилати дуруду салавот ба Расулаллоҳ ҳамин кофист.
Беҳтарин замони дуруду салом гуфтан:
1)-Дар ташаҳҳуди аввал ва охири намоз;
2)-дар ҳолати азон ва иқомат;
3)-Дар рӯз ва шаби Ҷумьа;
4)-Ҳар пагоҳиву бегоҳӣ;
5)-Дар маҷлисҳо, пеш аз ҳамдигар ҷудо шудан;
6)-Дар ҳолати зикри номи Расулаллоҳ;
7)- Дар аввал ва охири дуьо;
8)-дар олати даромадан ва баромадан аз масҷид;
9)-Дар Сафову Марва дар масҷиди Ҳарами Макка дар ҳолати ҳаҷ ё умра кардан;
10)-Дар намози ҷаноза баъди такбири дуввум;
11)- Дар ҳолати зиёрати қабри Расулаллоҳ;
12)-Дар дуьои қунут;
13)- Аснои намози Ид.
Беҳтарин намуди дуруду салом ба расулаллоҳ:
1)Аллоҳумма салли ъало Муҳаммад;
2)-Аллоҳумма борик ъало Муҳаммад.
Ҳардуи ин намуди салавот дар ташаҳҳуди намоз вуҷуд дорад. Дуруду салавот гуфтан ба Расулаллоҳ صلي الله عليه و سلم ғамгиниву ҳузнро нобуду кушода мегардонад ва ба амал кардан ва итоат ва баҷо овардани ибодат кӯмак мекунад ва дуруду салавот ба Расулаллоҳ сабаби дар хоб дидани Расулаллоҳ мегардад. Бисёр дуруду салавот фиристодан ба Расулаллоҳ, нишонаи дӯстдории ӯст ва чӣ қадаре ки дар дили инсон ҳуббу дӯстдории Расулаллоҳ зиёд гардад, ҳамон қадар иҷтиҳодаш барои боахлоқ шудан мисли ахлоқи Расулаллоҳ зиёд мешавад ва Расулаллоҳро усваи ҳасанаи худ қарор медиҳад. Чӣ гунае, ки Аллоҳ мефармояд
قال تعالى(وإن تطيعوه تهتدوا)
Агар итоати Расулаллоҳ кунед, ҳидоят меёбед.
Пас салавоту дурудро ба Расулаллоҳ зиёд бигӯед, то ба ин хайри бузург ноил гардед.
Астагфируллох
Хозир хамича шеьри ошики боша е аз 1 то 10 хисоб бози боша
Навиштан мегиран лек барои як салавот дури мечуян
Мо уматтони шармандаем
Танхо ошики фалшиви ва шайтониро ва касамхои безеб хуриро медонан тамом барои хами илтимос накун
Додар
Касе мегуяд ва мекунад аҷрашро мегирад ва касе рад мекунад он ҳам аҷрашро мегирад вале байни аҷрҳо фарқ яке Савобу дигаре гуноҳ