Граф ин саге буд дусти вафодори ман. Ман мехохам каме дар бораи у ба шумо накл кунам. ........................
Ин кисса вок,еи буда, дуруг', таъриф, вохима, дар у дохил нест!
""""""""""""""""""""""""
Ин кисса соли 2012- 2013-ум дар 76 региони Федератсияи Руссия шуда гузаштаги аст.
Аз сабаби кори аник, надоштанамон дар хар кучо кор мекардем. Имруз инчо пагах як чои дигар шабашу, халтур, пеш омад хуш омад гуфтани гап. Баъди пош хурдани давлати бузурги СССР дигар ягон давлат, аз хамон 15 давлати собик то хануз ба худ омадаги нестанд.Ба худ омадани гап чи? Яъне Он корхонахову заводу фабрикахое, ки ин давлати пуркудрат кор мефармонд, давлатхои пош хурда кариб,ки 10 фоизашро кор фармонда тавонанду халос. Дар як хел давлат заводу фабрикахо тамоман аз кор баромада ба харобазорхо мубадал гаштанд.Дар як хел давлатхои дигар бошад заводхояш кор мекунанду, фабрикахо не, фабрикахо кор кунад заводхо кор намекунад, хуласи гап Дар Федерацияи Руссия каму беш заводу фабрикахо кор мекунанд.
Бисёри онхо ба анбору складхо мубадал гашта ба сохибкорон ич,ора дода шудаанду аз муфлис шави боз мондаанд.
Бо далолии як Язид як кор ёфтем. Кор чидани хишт буд (кладка)Язид гуфта як халке аст дар Арманистон зиндаги мекунанд, ва баъди чанги Арману Озару пош хурдани давлати Шурави ба Руссия омада шахрвандии хаминчоро кабул карда зиндагиву кор мекунанд.
Дар даруни ана хаминхел заводхое, ки дар боло зикр кардам чи хонае ё анбор буд хиштхои бетони чиндан даркор буд.
Бо акаам дар хамонч,о бо чидани хишт машг'ул будем, ки як шахс пешамон омаду то соати чанд кор карданамонро пурсид, ха-йр мо хам гуфтем то фалон соат,ва аз у пурсон шудем, ки барои чи мепурсад?
Аз мо наонкадар дуртар дар даруни хамон завод чи ширкатеро ба ичора дода буданду ин шахс дар хамончо посбон шуда кор мекардаст, ва сабаби пурсиданаш ин, ки як саги мода хомила доштаанд, хамонро ба сайругашт кушода мекардаанд.Аз сабабе, ки саг дар вакти хомила буданаш гизалаги бисёр мекардааст барои хамон хамаи чоро хабар мегирифтаст, ки зарари сагашон ба ягон кас нарасад.Хамин хел чанд руз хам аз байн гузашт.Хамон вактхо аз як дехаи дурдасти вилоят ба гуфти русхо аз як деревний як хона харида будам, ва фикре басарамон омад, ки аз сагчахои хамин саг як кучуки нарашро гирем ба мо медода бошанд? Гуфта аз сар мегузарондем! Ва мо хам пурсон шудему чавоби розигихам гирифтем ва ба мо гуфтанд, ки дар байнашон танхо яктояш нарина ба дунё омадааст. Чанд руз ё хафта сабр кунед то сагчаи мегуфтагиятон камтар аз шири модараш бахравар шуда солим ба воя расад.
Кутох карда гирем мохам коро ба анчом расонидем, ракамхои худро ба калавурхо додем, ки вакташ ояд моро занг зананд мо кучукчаро мегирем. Аз байн ним мох як мох гузашта буд ба фикрам, ки занг заданд. Сагчаро метавонед гиред!
Ман ба гирифтани сагча рафтам. Бо модараш сагчае ман мегирифтам танхо буду халос.Ман хаёл кардам, ки мондаги сагчахоро ба касе додаанд. Аз дигар сагчахо пурсон шудам, чавобаш маро на танхо хайрон балки нафрат хам овард, чунки сагчахоро чанд рузи баъди ба дунё омаданашон зинда дар гур карда будаанд.Агар инашро мо гирифтани намешудем, ба фикрам инашро хам мекуштанд.
Сагчаро гуфти Руссхо "Автоматически" номашро Граф мондам.Барои чи граф ном монданам сабаб дошт.
Як шиноси рус доштам хонааш гох- гох ба ёрияш мерафтам.Дар хонааш як хоначаи чубин барои саг, гарданбанди саг, ва барои саг ба инсу онсу давидан як "трос" кашида шудабуд.
Хисси кунч,ковиям баланд шуда пурсидам.
-Саг доред? Ё доштед?
Сохибхона бо як хасрат чавоб дод.
- Бале, саг доштем номаш Граф буд.Ва бисёр ба таърифу таъсифи у пардохт.Аз ким чихел бемори мурдааст.
Номи Граф дар фикри ман монд, ва барои ман ач,оиб хам буд.Барои хамон номи сагчаи худро граф мондам (давом дорад)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев