Агар мо ҳар қадар дар бораи зарурати осоиштагӣ, амн, сулҳу салоҳ сухан гӯем кам аст. Дар ин бора дар ҳар давру замон, олимону устодон, шоиру нависандагон, паёмбарон зиёд гуфтанд ва ҳатто дар китобҳои муқаддаси динӣ низ омадааст. Яъне қадру қиммати онро донистан лозим аст. Айни замон дар кишвари азизи мо Тоҷикистон тинҷиву оромӣ, осоиштагӣ ҳукмфармост. Ҳарки ба ин ақида норозӣ бошад, пас айб дар худи уст. Осоиштагӣ дар он зоҳир мегардад, ки шаб осуда хоб мекунӣ ва пагоҳирӯзӣ бе фикри он, ки мабодо дар роҳ туро медузданд, мекушанд, ғорат мекунанд ва ё тасодуфан тири дайдуе баданатро мешикофад ба кор меравӣ. Осуда ҳасти, ки фарзандонат низ ба ҳамин аҳвол ба мактаб мераванд. Пас чаро шукронаи осоиштагиро накунем. Бояд шукрона ва ифтихор аз даврони осоиштагиву ободии Истиқлолияти давлатамон намоем. Сулҳу оромӣ давстоварди миллат аст. Онро бояд мисли гавҳараки чашм ҳифз намуд. Барои он, ки ба ин назар бо ҷиддият рафтор намоем бояд як маротиба ба хабарҳои якрӯзаи кишварҳои Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия, Яман, Лубнон таваҷҷӯҳ намоем.
Мо бояд дуогӯ бошем, ки дубора ба солҳои 1992-1997 бар нагардем. Он гуруҳу ҳизбу ҳаракатҳои динӣ, ки Тоҷикистонро ба оташи ҷанг кашиданд дигар ба мақсадҳои худ ноил награданд. Дар кишварҳои болозикр низ маҳз ҳамингуна ҳизбу ҳаракатҳои бо ном Исломӣ сабабгори ҷангҳои дохилӣ гардидаанд. Ҷиноятҳои ДОИШ дар Ироқу Сурия ва Афғонистон ҳоҷат ба баён нест.
Мутаасифона ин падидаи шум дар Тоҷикистони мо низ роҳ ёфта истодааст, ки ин бонги хатар барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Куштори саёҳон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз он гувоҳӣ медиҳад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъ ва террористии наҳзати ислом аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашидааст ва талош дорад бо ҳар роҳу восита ба он ноил гардад. Роҳбарон ва ҷонибдорони ин ҳизб тариқи сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар пайи бадном сохтани давлату миллат буда, мехоҳанд дар заминаи баъзе аз мушкилоти иќтисодї-иљтимої дар байни сокинони љумњурї њисси норозигиро ба вуљуд оваранд. Фазои орому осудаи кишварамонро ноором намоянд.
Барои пешгирии чунин амалҳои хавфнок, ки хатар ба ҷомеа доранд ҳар як шаҳрвандро бахусус омӯзгорону устодон, падару модаронро зарур аст то ба ҷавонон роҳи дурусти зиндагиро омӯзонанд, баҳри сулҳу суботи ҳамешагӣ онҳоро омода созанд ва нагузоранд, ки онҳо фирефтаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гарданд.
Сайфуллои Амон
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев