Шарофов Мирнуьмон(тахаллуси шоириашон Мирнуьмони Кухруди ) рузи 27 -уми августи соли 1952 дар дехаи Кухруди нохияи Айнии вилояти Сугд ба дуне омадаанд.Соли 1959 барои тахсил ба мактаби миенаи дехаи Кухруд рафта , онро соли 1967 бо маьлумоти хаштсола хатм карданд, зеро он вакт мактаби номбаршуда то синфи хаштум буд.Барои давоми тахсил ва гирифтани миенаи пурра соли 1967 ба мактаби √=1 нохияи Айни, ки холо номи профессор Максудчон Шукуровро дорад, рафтанд.Соли 1969 мактаби √°1 нохияи Айниро хатм карда, сохиби маьлумоти миенаи пурра гардиданд.Пас аз хатми мактаб хамон сол барои тахсил ба факултаи физика ва асосхои истехсолоти Донишкадаи омузгории шахри Ленинобод ба номи С.М.Киров.(хозира Донишгохи давлатии шахри Хучанд ба номи академик Б.Гафуров.)дохил шуданд.Пас аз хатми бомуваффакияти донишкада соли 1974 ва гирифтани дипломи маьлумоти оли , барои кор ба нохияи Айни баргаштанд.Он касро ба омузгори фанни физикаи мактаби √°18 таьин намуданд.Баьдан соли 1975 дар мактаби √°1 нохияи Айни аз фанни физика ба шогирдон дарс мегуфтанд, ва дар ин мактаб то соли 1984 кор карданд.
Аз соли 1984 инчониб ба мактаби дехаашон Кухруд баргашта , дар аввал хамчун омузгори синфхои ибтидои фаьолият намуданд.
Шарофов Мирнуьмон дорандаи унвони Аьлочии маорифи чумхури буда , дониши бенихоят баланд доштанд.Хамчун омузгори сахтгир ва серталаб шогирдони зиедеро ба воя расонидаанд.Дар тарбияи шогирдон низ бенихоят сахтгир буданд ва аз дахони шогирдони у танхо суханхои нек мешунавед.Шогирдонро дар рухияи мехнатдусти, эхтироми калонсолон ва ватандусти тарбия менамуданд.
Шарофов Мирнуьмон соли 1987 дар хонишхои педагогии умумииттифокии собик ИЧШС дар шахри Тошканд иштирок намуда , дар байни 70 нафар иштирокчиен сазовори чои дуюм гашта буданд, ки ин фахри тамоми чумхурии Точикистон аст.
Шарофов Мирнуьмон табьи бенихоят баланди шоири ва эчоди доштанд.Муаллифи чандин шеьру сурудхо мебошанд.Ин аст,ки фанхои забон ва адабиети точикро низ ба дарачаи аьло медонистанд ва шогирдони зиедеро тайер намудаанд.Он кас бенихоят мухлиси устод Лоик Шерали буданд.Аз китобхонаи шахсиашон (дар хонаи истикоматиашон) тамоми китобхои устод Лоик Шералиро ефтан мумкин аст.
Хамин захматхои Шарофов Мирнуьмон буд, ки уро соли 1992 Раиси Бунеди забони давлатии нохияи Айни таьин намуданд ва нозири калони шуьбаи маорифи нохияи Айни буданд.Дар ин вазифа то соли 1996 кор карданд.
Шарофов Мирнуьмон аз соли 1997 дар мактаби дехаашон аз фанхои забон ва адабиети точик дарс мегуфтанд .Дар аксар олимпиадахои иншонависи шогирдони у голиб мебаромаданд.Ва чи тавре ки кайд кардем, Шарофов Мирнуьмон бисер хам табьи хуби шеьрнависи доштанд.Масалан ,шеьри у бо номи <<Точи миллат>> дар китоби <<Забон -хасти, бунед, поя, нишон ва шиносномаи миллат>> сахифаи 48, соли 2008 (муаллифаш Т.Салохов) чоп шуда буд.Шарофов Мирнуьмон аз соли 2002 то соли 2004-ум директори мактаби дехаашон буданд ва дар мактаб осорхона ташкил карданд.
Мо, дустон ва хешу таборони Шарофов Мирнуьмон, аксар вакт дар як чой чамь шуда, панду насихатхои он касро гуш мекардем, аз эчодиеташон ба мо шеьрхо мехонданд ва аксари онхоро ба сабти навори гирифтаем.25-уми июли соли 2010 мо дар хонаи додарашон Мирсубхон чамь омада будем.Мирнуьмони Кухруди шеьрхои солхои охир эчодкардаашонро мехонданд ва мо ба навор гирифтаем.
Яке аз ин шеьрашонро хамчун намуна меорем:
Ба соати бехудаам афсус мехурам,
Ба бодаи нахурдаам афсус мехурам.
Дунепараст диккати молаш доду вой кунад,
Бар ишки новарзидаам афсус мехурам.
Пул гум кунад касе агар, афсус мехурад,
Ман бар гули гумкардаам афсус мехурам.
Хар кор чои афсус аст, чуз рузаю намоз,
Бар тоати накардаам афсус мехурам.
Сар то ба сар соати гети кадам задам,
Бар калби носипардаам афсус мехурам.
Асрори гетию фалак кори уст, вале,
Бар сирри нокушодаам афсус мехурам.
Кухрудиро гуфтам, лахзае ба базми шох бие,
Гуфто,ки афсус хурдаам, афсус мехурам.
Мирнуьмони Кухруди донандаи хуби Курьони Мачид буданд.Ин худ гувохи аз он медихад, ки дигар заюонхоро низ медонистанд.Тафсири Курьонро низ ба дарачаи баланд медонистанд ва хар оятхои сурахои онро маьнидод мекарданд.
Шаби 30-юм ба 31-уми мохи декабри соли 2010 фишори Мирнуьмони Кухруди ногахон баланд шуда, бемор мешаванд.Ва дар хамин вакт дилашон аз задан монда, аз олам чашм пушидаанд ва дунеи фониро хайрбод гуфтанд.Едашон ба хайр бод!!
Хамон руз, яьне 30-юми декабр рузона дар хонаи худ ба шеьрнависи машгул будаанд.Мо дар ин чо мисраьхои шеьреро, ки дар рузи охири хаеташон эчод кардаанд, меорем::
Азизонам, зи дуне меравам ман......
Давоми шеьрхоям носуруда.
Нагаштам сер зи дидори Шумоен,
Ба сахро киштхоямро нодуруда.
Зи мастию гурури навчавони,
Худоро мо худойберди нагуфтем.
Хама панди ниеро харза хондем,
Насихатхои обо нашунуфтем.
Хамон вакте зи олам меравам ман,
Азизон, дафтари шеьрам кушоед.
Китоби дарду сузи синаи ман,
Ба назди халк варакгардон намоед.
Ба махфил бода гиред аз бароям,
Гумон созед, ки он дам бо шумоям.
Чу мисраьхои Кухруди бихонед,
Хамон лахза дари гур мекушоям....
..............
Бо эхтиром ва кадрдонии бепоен яке аз дустонашон Назаров Ахтам Пулотович.аз шахри Вахдат.
Едашон ба хайр ва хонаи охираташон обод бошад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 12
САД Х,АЙФ,КИ Ч,АВОН РАФТЕД.