Аз ҷавонон то дипломатҳои хориҷи вакилон барои шунидани паёми Раҳмон ҷамъ меоянд.

Барои аввалин бор ироаи паёми раисҷумҳури Тоҷикистон дар бинои нави парлумони кишвар баргузор мегардад.
Паёмро ҳузуран аъзои парлумону ҳукумат, роҳбарони маҳаллӣ, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, аъзои Шурои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, соҳибкорон, ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва рӯзноманигорон мешунаванд.
Оғози паём соати 10 бо вақти Душанбе дар назар буда, тавассути расонаҳои давлатӣ мустақиман пахш мешавад.
Аз ҷавонон то дипломатҳои хориҷи вакилон барои шунидани паёми Раҳмон ҷамъ меоянд. - 959584085659
  • Класс

Дар муассисаҳои тандурустии Хатлон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Муҳаммад Билолов сартабиби “Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон” дар ноҳияи Қубодиён, Фирдавс Раҳмонов директори Маркази бемориҳои пусту зуҳравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъйин гардидаанд.
Оқилҷон Бердиев директори Маркази бемориҳои наркологии шаҳри Кӯлоб, Давлатбек Қодирқулов роҳбари Шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ёвон ва Маҳмадризо Маҳмадраҳимов сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг таъйин шудаанд.
Дар муассисаҳои тандурустии Хатлон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. - 959574448283
  • Класс

Дар вилояти Саратов бахшҳои мамнуъ барои кори муҳоҷирон васеъ шуд.

Бо қарори мақомот, минбаъд муҳоҷирон иҷозаи кор дар муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоиро надоранд.
Қаблан чунин маҳдудият дар муассисаҳои хӯрокворӣ, савдо, колорасонӣ ва ҳамлу нақл ҷой дошт.
Дар вилояти Саратов бахшҳои мамнуъ барои кори муҳоҷирон васеъ шуд. - 959574387355
  • Класс

Интихоботи парлумонии Тоҷикистонро нозирони ИДМ назорат мекунанд.

Даъвати дахлдор ба раиси Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко аз номи роҳбарони парлумони Тоҷикистон - Рустами Эмомалӣ ва Маҳмадтоир Зокирзода ирсол шудаст.
Котиботи АБ ИДМ таъкид намуд, ки ба зудӣ ба ташкили гуруҳҳои назоратӣ барои интихоботи парлумонии Тоҷикистон оғоз мекунад, ки 2 марти соли 2025 баргузор мешавад.
Интихоботи парлумонии Тоҷикистонро нозирони ИДМ назорат мекунанд. - 959573387163
  • Класс

Артиши Русия ду минтақаи аҳолинишинро зимни амалиёти вижа озод кард.

Шаҳракҳои Ивановка дар Лиманский ва Загризово дар самти Купянский озод шуданд, иттилоъ дод Вазорати дифои Русия.
Артиши Русия ду минтақаи аҳолинишинро зимни амалиёти вижа озод кард. - 959573435547
  • Класс

Эрон омода аст ИИАО -ро ба бозорҳои мавриди ҳадаф пайваст кунад.

Дар ин бора Муҳаммад Отабак, раиси вазорати саноати Эрон изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, тасвиби тавофуқномаи тиҷорати озод миёни Эрон ва панҷ кишвари узви ИИАО як қадами муҳим дар роҳи ифтитоҳи давраи нав дар равобити тиҷории ин кишварҳост.
Вазир ҳамчунин таъкид кард, ки Эрон омода аст, ҳамкориҳо бо ИИАО -ро дар заминаҳои ҳамлу нақл, транзит ва амнияти энержӣ густариш диҳад.
Эрон омода аст ИИАО -ро ба бозорҳои мавриди ҳадаф пайваст кунад. - 959571962011
  • Класс

Қасди ДИИШ* барои таркондани идораи пулис дар Маскав пешгирӣ шуд.

ФСБ-и Русия хабар медиҳад, ки муттаҳамон қасд доштанд, ки шӯъбаи пулиси Маскавро тарконанд. Барои ин кор онҳо мошин харидаанду дастгоҳи таркандаро омода кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, террористон муқовимати мусаллаҳона нишон дода, бо оташи ҷавобии нерӯҳои амниятӣ безарар гардонида шуданд.
*созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия.
  • Класс

Полковники ВКД Русия барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ 6,5 сол ҳукми зиндон гирифт.

Собиқ муовини сардори Сарраёсати ВКД Маскав Дмитрий Тахтаулов моҳи ноябри соли 2022 бо гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунии 10 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ боздошт шуда буд.
Дар мурофиаи додгоҳӣ собиқ сардори яке аз раёсатҳои ВКД оид ба масъалаҳои муҳоҷират Вячеслав Фокин низ ҳамин гуна ҳукмро гирифт, хабар медиҳад "Коммерсант".
  • Класс

Маҷлиси миллӣ пешниҳоди президент дар бораи тағйироти кадрӣ дар судҳоро ҷонибдорӣ кард.

Бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан Маҳмадшарофи Дилбар аз вазифаи судяи Суди Олии Тоҷикистон бозхонд шудаст.
Инчунин Саид Сӯҳроб аз вазифаи судяи Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ бозхонд гардид, иттилоъ дод дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ.
Маҷлиси миллӣ пешниҳоди президент дар бораи тағйироти кадрӣ дар судҳоро ҷонибдорӣ  кард. - 959570682779
  • Класс

Соли навро бидуни хӯриши "оливйе" тасаввур мекунед?

Гумон мекунем, не. Барои ин Sputnik Тоҷикистон харҷи ин хӯриши солинавиро ҳисоб кард ва дар тасвирбаён нишон дод.
Соли навро бидуни хӯриши "оливйе" тасаввур мекунед? - 959570389147
Соли навро бидуни хӯриши "оливйе" тасаввур мекунед? - 959570389147
  • Класс
Показать ещё