


Ганҷина дар ин олами вайрона, намоз аст,
Тавҳид бувад бодаву паймона намоз аст.
Бе саҷда ба даргоҳи Худо, раҳ натавон ёфт
Гар Каъба равонӣ, дари он хона намоз аст.
Ин бори азимест, ки бар кӯҳ гарон аст,
Ин нур даруни дили ушшоқ ниҳон аст.
Fофил чу зи таъзими Худоӣ ту чӣ донӣ
Як саҷдаи огоҳ баҳои ду ҷаҳон аст.
Гар дар дили ту дарду ғами ишқи Худо нест,
Ин саллаву тасбеҳи ту ҷуз баҳри риё нест.
Гар ашк зи чашми ту равон нест, яқин аст,
К-андар дили сангини ту як зарра сафо нест.
Бархез, ки ин умри ту чун бод равон аст,
Бингар, ки аҷал дар пайи ҳар пиру ҷавон аст.
Бо гиря мусаффо бикун ойинаи дилро,
То к