Предыдущая публикация
Оҳангаре буд, ки бо вуҷуди ранҷҳои
мутааддид ва беморияш сидқан ба Худо
ишқ меварзид. Рўзе яке аз дўстонаш, ки
эътиқоде ба Худо надошт аз ў пурсид: ту
чигуна метавонӣ Худоеро, ки ранҷ ва
беморӣ ба сарат меорад дўст бидорӣ?
Оҳангар сар ба зер овард ва гуфт: Вақте
мехоҳам василаи оҳание бисозам як тика
оҳанро дар кура қарор медиҳам, сипас
онро рўи синдон мегузорам ва мекубам то
ба шакли дилхоҳам дарояд. Агар ба
сурати дилхоҳам даромад медонам, ки
василаи муфиде хоҳад буд, агар не онро
канор мегузорам. Ҳамин чиз сабаб шудаст
то ҳамеша ба даргоҳи Худованд дуо
кунам, ки Худоё! Маро дар кураҳои ранҷ
қарор деҳ, аммо канор нагузор.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2