Насихат ба фарзанд...
Ба фарзандат магӯ, биё, намоз бихон ва илло ба дӯзах хоҳӣ рафт, балки бигӯ, эй ҷигаргӯшаам, биё, то намоз бихонем, то ҳама хонадон аз аҳли биҳишт гардем.
Ба фарзандат магӯ, эй танбал, бирав, ҳуҷраатро мураттаб кун, ки мисли харобазор шуда аст, балки бигӯяш, ки эй нури чашми падар, ту ки тозагиву тартибро дӯст дорӣ, оё мехоҳӣ, ки касе ёварият кунад, то ҳуҷраатро ба назму тартиб дарорӣ?
Ба фарзандат магӯ, ки эй хирасар, чанд бор гуфтамат, ки дар хонаву кӯча тӯпбозӣ макун, балки бигӯ, ҷони падар, медонам, ки ту истеъдоди тӯпбозӣ дорӣ, аммо хонаву кӯча ҷои тӯпбозӣ нест, бо ёронат як рӯзе дар ҳафта ҷамъ шавед ва дар варзишгоҳи мактаб бозӣ кунед ва қисме аз маблағи иҷораи варзишгоҳро ман мепардозам.
Ба фарзандат магӯ, ки эй бефаҳм, бархезу дарсҳоятро бихон, бозиро тарк кун, чун дарсхонӣ муҳимтар аст, балки бигӯ, эй шодии қалбам, чун аз хондани дарсҳоят фориғ шудӣ, агар хоҳӣ, ман низ муддате чанд дар бозиятон мушоракат мекунам.
Ба фарзандат магӯ, ки эй бетамиз, чанд борат бигӯямат, ки дастонатро баъди тановули таъом бишӯй, ё бархезу дандонатро бишӯй, ё ки ҳар бор ҳатман ман як гапро бигӯям? Балки бигӯй, ки Паёмбарамон (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро фармуда аст, ки "ан-назофату мина-л-имон" – "тозагӣ аз имон аст", ман низ шод мешавам, ки дар пайравӣ аз ин сухани Паёмбар дастонат, ё дандонҳоятро бишӯӣ ва маро шод гардонӣ.
Ба фарзандат магӯ, ки эй аблаҳ, ту ба ҷуз девори хона ҷои дигаре наёфтӣ, ки бинависӣ? Балки бигӯ, писаракам, ҳадисе аз аҳодиси Паёмбарро {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}, ё ҳикматеро бо хатти худ зебо бинавис, то онро дар девор биовезаму ҳама аҳли байт ва меҳмонон аз маънии он баҳра баранд ва аз хушнависии ту лаззат.
Ба фарзандат магӯ, ки эй беҳудакор, ин чи расми бемаъниву пурхатти каҷҷу килеб аст, ки кашидаӣ, балки бигӯ, ки эй писаракам, оё метавонӣ, ки бароям шарҳ бидиҳӣ, ки чи чизеро расм кашидаӣ? Ин хонаи кист ва ин дарахт чи ном дорад ва ин мошини кист ва ғайра...