Саводи номаҳоро шустушу дар
баҳри ғуфрон кун.
Макун шармандаи рузи чазо ин
хоки осиро,
Зи лутфи худ ба ин аҳли хичолат
сатри исён кун.
Ба бемори гунаҳ набвад ба чуз
лутфи Ту доруе,
Ҳакими ҳозиқи, бар дарди ҳар
дармонда дармон кун.
Ба вақти чон гирифтан деви малъун ҳамла меорад,
Саломат бандагонро аз қариби
шарри шайтон кун.
Ба вақти қабз кардан чони ширин талхие дорад,
Ба фазли хеш ё Раб, мушкили моро ту осон кун.
Малакҳо дар лаҳад бо гурзи оташбор меоянд,
Саволашро чавобаш бо савоб аз
лутф фармон кун.
Чу сабза сар кашад дар рузи маҳшар одами аз хок.
Ба гармои қиёмат раҳм бар ин аҳли урён кун.
Ҳаросон дидаҳо аз интизори
номабахшиҳо,
Зи фазли худ саъодатномаро бар
дасти аймон кун.
Надорам аз амал чуз маъсият
ҳангоми санчидан,
Тарозуро гарон аз фазли худ дар
вазни мизон кун.
Хуруши дузахи сузанда гар "ҳал мин мазийд" гуяд,
Халос ин осиёни хастаро з-он нори сузон кун...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев