Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад, В-он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад. Ман мондаам маҳҷур аз ӯ, бечораву ранҷур аз ӯ, Гӯӣ, ки неше дур аз ӯ дар устухонам меравад. Гуфтам, ба найрангу фусун пинҳон кунам реши дарун, Пинҳон намемонад, ки хун бар остонам меравад. Маҳмил бидор, эй сорбон, тундӣ макун бо корвон, К-аз ишrи он сарви равон гӯӣ равонам меравад. Ӯ меравад доманкашон, ман заҳри танҳоӣ чашон, Дигар мапурс аз ман нишон, к-аз дил нишонам меравад. Баргашт ёри саркашам, бигзашт айши нохушам, Чун миҷмаре пуроташам, к-аз сар духонам меравад. Бо он ҳама бедоди ӯ в-ин аҳди бебунёди ӯ Дар сина дорам ёди ӯ, ё бар забонам меравад. Боз ою бар чашмам нишин, эй дилситони нозанин, К-ошӯбу фарёд аз замин бар осмонам меравад. Шаб то саҳар менағнавам, в-андарзи кас менашнавам, В-ин раҳ на rосид меравам, к-аз каф инонам меравад. Гуфтам, бигириям, то ибил чун хар фурӯ монад ба гил В-ин низ натвонам, ки дил бо корвонам меравад. Сабр аз висоли ёри ман, баргаштан аз дилдори ман Гарчи набошад кори ман, ҳам кор аз онам меравад. Дар рафти ҷон аз бадан гӯянд ҳар навъе сухан, Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад. Саъдӣ, фиғон аз дасти мо лоиr набуд, эй бевафо, Тоrат намеорам ҷафо, кор аз фиғонам меравад.
    1 комментарий
    9 классов
    Ба рӯзе ҳазрати султони Аброр*, Бифармуд аз лаби ширин шакарвор. Ба сӯи Фотима: эй уматуллоҳ, Битарс аз Ҳақ, бигӯ зикр огоҳ. Маёзӣ, ки паямбарзодаам ман, Миёни бандагон озодаам ман. Ба фардо аз амал пурсанд бисёр, Зи зоту насл кай пурсанд, ҳуш дор! Макун такя ба ман зинҳор-зинҳор, Ки маҳшар* рӯзи сахту кори душвор. Чунин гуфт он саъиди фақри Ҳотам, Ту бошӣ аз насаб мелофӣ* ҳар дам. [Ҷунунӣ] *Султони аброр - сардори парҳезкорону тақводорон (яъне Паёмбари гиромӣ [с] ) *Маҳшар - рӯзи Қиёмат *Лофидан - худситоӣ, бодигӣ
    1 комментарий
    19 классов
    Ба даргоҳи Худо пеш аз аҷал ой, Гузашт умри азизат дар амал ой. Ба ғафлат сарфа шуд умрат маҳу сол, Биё бедор шав аз хоб имсол. Замин рӯзе кунад се бор фарёд: "Чаро ту ғофили эй одамизод? Машав бар фурсати дуруза мағрур, Туро бошад дили ман хонаи гур. Ба ҳасратхо дарои дар дили ман, Ғариби оқибат дар манзили ман. Ду чашмони чаҳонбинат хурад мур, Маҷоле нест то онро куни дур." Шави пусида мушти устухонӣ, Бикун коре,ки онҷо дар намони! Магу ҳарфи Ҷунунӣ аз забон аст, Ҳама чун шир аз пистони ҷон аст. [Ҷунунӣ]
    1 комментарий
    50 классов
  • Класс
588552141631
  • Класс
588552141631
  • Класс
588552141631
  • Класс
  • Класс
573154667678

Добавил фото в альбом

Фото
Фото
Бар дил бигуфтам то саҳар, К-эй аз қиёмат бехабар. Бархезу оламро нигар, Рафтанду мо ҳам меравем. Бархез пеш аз ҳар намоз, Рӯ ор ба даргоҳи ниёз. Бо мулку моли худ маноз, Рафтанду мо ҳам меравем. Бархез пеш аз субҳидам Бар сӯи масҷид неҳ қадам. Т
Читать дальше
Скрыть описание
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Показать ещё