фармуданд:
“Муъмин оинае аст,
барои
муъмини дигар”.
Оина замоне айбро
мегўяд, ки
худ ғуборе надошта
бошад.
Оина ҳар чӣ мегўяд, аз
рўи
сафову латофат
мегўяд ва
ғаразу маразе
надорад.
Оина айбро бесару
садо ва
хубиҳо ва зебоиҳоро
бидуни
тамаллуқ ва риё
мегўяд.
Оина танҳо айбро
нишон
намедиҳад, зебоиҳоро
ҳам
бозгў мекунад.
Оина айб ва ё зебоиро
бузург
намекунад, балки ба
ҳамон
андоза, ки вуҷуд
дорад, бозгў
мекунад. Оина дар
айбгўӣ
мурооти ҷоҳ, мақом
ва
шахсият намекунад.
Оина дар баёни
зебоиҳо
ва айбҳо таваққуъ ва
интизоре
надорад.
Оина фақат айбҳои
зоҳириро
мегўяд ва таҷассус
намекунад.
Оина айбро чун уқда
ба дил
намегирад.
Оина ҳар чӣ беҳтар
гўяд,
арзишаш бештар аст.
Оина дорои анвоъ ва
ақсоме
аст ва аз ҳар кадом ба
андозаи
зарфияташ бояд
интизор дошт.
Оина аз васоиле аст,
ки ҳар
чанд гоҳ ҷиҳати
ислоҳи худ ба
он рўй меоварем.
Оина аз ниёзҳои
аввалияи
зиндагӣ аст ва бидуни
он
ислоҳи худ комил
нахоҳад буд.
Оинаро ҳангоми
айбгўӣ набояд
шикаст, балки
мебоист, ба
ислоҳи худ пардохт.
Оина дар ҳоли
шикастагӣ низ
аз кораш дастбардор
нест ва
вазифаи худро иҷро
мекунад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев