Дуруд дустони бехтаринам. Имруз аз марги падари азизам Начмиддинов Сайфиддин (равонашон шод бод) 14 сол сипари гардид. Аз субх барош гирёнам. 🍀🍀🍀🍀🍒🍒🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀Падар... Чи калимаи зебо, дилпазир, дилошно ва азизу мехрубон. Эй Аллохи пок шукр аз ту, шукр аз ту ки бароям падари хубу гамхореро лоик донисти. Охир баьзе инсонхо аз мехру мухаббати чунин падари хуб бе бахра мондаанд. Худоё, шукр ба даргоҳи мукадасат, ки то сини 37 солагиам аз мухаббати хакикии падар бахраманд будам. Хушбахт хастам, ки лаззати падардориро дидаам. Ох падар... 14 сол аст,ки ту нести. Агар фариштаи рохгузар дар дили шаб бо амри Худои бузург хамаги як орзуи калонтарини маро иҷобат мекард, пас ин бозгашти як сониягии ту ба дунёи фони мебуд. Ох... Падар.. Чонам Падар.. Мехохам, ки тамоми давлати дунёро бо як лахзаина нишасти руйи кати хавли дар дехаи азизам бо ту иваз намоям. Агар чунин мучиза имкон медошт, пас ман хатто чони ширинамро бароят дарег намедоштам. Писарчаи калониам дар куча пирамарди маьюберо бо аробачаи маъюби диду гуфт :модар, кош бобоям рох намегашту аммо зинда мебуд. Дарег ки писарчаи дуввумам аз калимаи зебои Боборо ба забон овардан бенасиб гаштааст. Падар... ёди ту дили зангзадаи маро аз гамхо пок месозад. Эхсос мекунам, ки доимо бо мани ва дар гаму шодиам шарики. Сари чойнамоз бароят дуо мекунам, ки чоякат Чаннати човидон бошаду то рузи Киемат кабрат равшан бошад. Худамро тасалло медихам, ки дидорхо дар Киемат бо хам бирасад. Равонат шод бод падарам Наҷмиддинов Сайфиддин Имруз рузи марги ту буд. Чи кадар ин рузро БАД мебинам😭😭😭😭😭😭😭😭😭😭😭😭😭😭😭 🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀
    10 комментариев
    19 классов
    Насими Рахим. Друзьяи фейсбуки,одноклассники ра ба зани гирифтан ҷоиз аст ё не?) Чидди чавоб дихед.
    40 комментариев
    7 классов
    Бонки миллии Тоҷикистон барои 27-уми феврал 1000 рубли русиро 132,6 сомонӣ муқаррар кардааст.
    36 комментариев
    37 классов
    ХУБОН Қисми 45. Дарро қулф карда ба таваллудхона роҳ пеш гирифтем ва тибқи нишондоди модарам аз дӯкони гулфурӯшӣ гулдастаеро харидорӣ кардем. Модарам ҳамчун корманди тиб моро дар долон гузошта, худ хилъати сафед ба бар кард. - Камтар мунтазир шавед, ҳозир бармегардам, - гуфт ӯ. Таваллудхона барои қабули меҳмонон махсус утоқ доштааст, моро ҳамширае то утоқ раҳнамоӣ кард. Гумон кардам Хубон дар бағал бо кӯдаки парпечшуда меояд. Шарму ҳаёро дар канор гузошта, гулдастаро дар дасташ додам ва аз рухсораш бӯсидам. - Канӣ паҳлавони мо? - пурсидам аз ӯ. - Хобидааст, - гуфт ӯ ва худро ба оғӯши волидонаш гирифт. Дар назар Хубон лоғару заъфарон метофт. - Саломатиат хуб аст? Аммо суолам беҷавоб монд. - Маро мешунавӣ? Модарам аз банди дастам дошт, ки ором бошам. - Хубон тойча барин... Муддате дар курсиҳои мулоим нишастем, волидонаш гаштаву баргашта аз саломатии духтарашон мепурсиданд. Аммо Хубон кӯтоҳ ва бо овози пасти нимшунаво "ҳамааш хуб" мегуфт. Мехостам лаҳзае бо Хубон танҳо бошам, бинобар ҳангоми берун шудан аз утоқ аз дасташ гирифтам. - Маро хавотир накун. - Гуфтам-ку, ҳамааш хуб. - Хеле лоғар шудаӣ. - Пас аз таваллуд фарбеҳ шавам? - Паҳлавон чӣ хел? - Паҳлавон-паҳлавон барин. - Чаро бо ту алоқа карда наметавонам? - Ман ҳам дар ҳайратам. Телефонашро дар дасташ дода ман низ аз утоқ берун шудам. - Худро эҳтиёт кун, бегоҳ занг зан. Тарзи муносибати имрӯза маро писанд наомад, бисту панҷ рӯз ҳамдигарро надида будем. Наход пазмон нашуда бошад? Наход дар ин муддат оташи муҳаббаташ хомӯш гашта бошад? Хусуру хушдоманамро дар ҳавлӣ гузошта ба хона баргаштем. - Шумо кӯдакро бо чашмони худатон дидед? - пурсидам аз модарам. - Дидам, чӣ буд? - Чаро муносибати Хубон бо ман сард буд? - Ту ранҷи занро аз куҷо медонӣ? - Қариб як моҳ ҳамдигарро надидем, ӯ бошад аз оғӯши волидонаш берун нашуд. Гӯё, ки ман он ҷо ҳузур надоштам. - Волидонашро гузошта бо ту бошад? Русуми шарқ, ҳаёи духтарона ӯро иҷозат намедиҳад, ки ба таври дигар рафтор кунад. - Ана ин чӣ? - тоқии гулдори тӯҳфагаштаро аз дохили ҷома берун кашидам, - ман инро наметавонам пӯшида, ҳамсояҳо чӣ мегӯянд? - Ин тоқии миллӣ, дар назди ҳамсояҳо напӯш агар шармат ояд. Ҳар миллат либоси миллии худро дорад, ту рус нестӣ. Ману падарат тоҷик ҳастем, ту ҳам тоҷик ҳастӣ! - Чаро хусурам намепӯшад? Модарам тоқиро аз дастам гирифт: - Нигар, ин тоқии оддӣ нест, ҳар як нақши он асрор ва маънои худро дорад. Инро модарон бо умеди нек медӯзанд. Ин моли Чин нест, ки дар як дақиқа ҳазор дона истеҳсол шавад, ба ҳар як тоқӣ як ҳафтаи умри модаре сарф гаштааст. Тоқиро ба падарат медиҳам, кайҳо дар орзуяш буд. Дидам, ки азми модарам қатъӣ барин, тоқиро баргашта гирифтам ва дар ҷояш гузоштам. - Тоқӣ ба ман тӯҳфа шудааст, худам мепӯшам... То бегоҳ мунтазир нишастам, аммо Хубон занг назад. Ҳатто паёме нафиристод, ки каме ором бошам. Чанд маротиба Олег занг зад, нахостам ҳамроҳаш гуфтугӯ кунам. Ниҳоят ором шуд. Аз тарси он, ки мабодо ба Хубон занг занад, баргашта рақамашро чидам. - Нав аз кор баргаштам, - гуфтам, - истироҳат кардан мехоҳам. - Аз ман ранҷидӣ ба фикрам? - Монда шудам, қариб як моҳ бе рӯзи истироҳат кор кардам, коргоҳ махфӣ ва ҳарбикунонидашуда аст. - Мефаҳмам. Бисёр не, ҳамагӣ як сурат мефиристам. - Фирист, аммо имрӯз ваъда намедиҳам. Компютерро гиро карда дидам, ки якчанд сурати кӯҳна беҷавоб истодааст. Ба ягон сурат Хубон ҷумлае нанавиштааст. Ба Хубон занг задам, хомӯш карду паёмак фиристод: "Паҳлавонро шир медиҳам". Расми фиристодаи Олег такроран омадааст. Сурати аввал чор ҳафта пеш расидааст, дар навор як марди пиронсол ва зане дар даст ифтихорнома. Ҳатто муайян карда натавонистам, ки ифтихорномаро кӣ ба кӣ тақдим мекунад. Компютерро хомӯш карда дар ҷогаҳ ёзидам. Бе Хубон чизе аз дастам намеояд, дасткӯтоҳам. Ман чӣ гуноҳ карда бошам, ки ӯ маро ҷазо додан мехоҳад? Гуфт, ки ба суратҳои Олегфиристода матн менависад, аммо коре накардааст. Дафтари шеърашро аз ҷевон дастрас кардам. Чаҳор мисраъ эҷод кардааст, ки сарфаҳм нарафтам. "Ду ҳалқи як занҷир аз мурги ҳумо дилгир"... Дафтарро бурда ба модарам нишон додам. - Ин ҷо чӣ навишта шудааст? Модарам дафтарро ба даст гирифту ба хондан шурӯъ кард: "Ду ҳалқаи як занҷир аз мурғи ҳумо дилгир, Ҷисм дар раҳи Кашмиру ҷон дар ҳаваси Помир..." - Ин чӣ маъно дорад? - Бечора Хубон ватанашро пазмон шудааст. - Ман ҳамин ҷо, волидонаш дар ҳамин ҷо, боз кадом ватанро дар назар дорад? - Писарам, ту ҳоло бисёр чизҳоро намефаҳмӣ! Тамъи обу намаки Ватан дигар аст, накҳати замину хокаш, муносибати мардумаш дигар аст. Ман ҳам гоҳ-гоҳ аз Ватан меандешам, ёд мекунам, худро ғариб меҳисобам. - Ман назди Хубон меравам. - Танҳо меравӣ? - Танҳо меравам. - Ихтиёрат, лекин зиқ накун. Имрӯзҳо ӯ хеле ҳассос аст. - Ё падарамро мунтазир шавам? - Падарат ба таваллудхона, назди арӯс намеравад. - Ин ҳам русуми шарқ? - Бале. Мошинро савор шуда боз ба таваллудхона омадам. Ба Хубон занг задам: - Ман омадам. - Паҳлавонро ҳамроҳам гирам? - Албатта, пазмонаш шудам. Дар утоқ менишастам, ки Хубон кӯдак дар бағал омад. Чунон хурдакак, ки ҳатто раҳмам омад, суп-сурх лаблабу барин. - Хобидааст? - пурсидам аз Хубон. - Хоб, аллакай табассум карда метавонад. Дар курсӣ нишастем, Хубон тифлро дар дастам дод. - Чанд кило? - Қариб чор. - Ин кам ё зиёд? - Барои писар мӯътадил. - Мӯътадили оташ! - гуфтам кӯдакро ба сина ҷафс карда - номашро интихоб кардӣ? - "Паҳлавон" гуфтед-ку. - Кай гуфтам? Ман танҳо кӯдакро сифат кардам. - Исмашро "Паҳлавон" мегузорем. - Хеле хуб, ин гуна ном дар ин қарибиҳо нест, танҳо мо дорем. - Пагоҳ аз паи шаҳодатномаи таваллудаш шавед, ман маълумотномаро ин бегоҳ мегирам. - Ин бегоҳ Робия ҳам меояд, пагоҳ ҳамроҳам меорам. - Дарҳол шодиёна талаб накунед аз духтари донишҷӯ. - Ҳуқуқи талабиданро дорам? - Не. Аз донишомӯз надоред. - Ин ҳам оини шарқ? - Оини шарқ. - Имрӯз падарат маро ҷомаву тоқӣ тӯҳфа кард, ин ҳам шодиёна буд? - Бале. Кӯдак ба ҷунбиш даромад, даҳонашро кушода майли гиристанро дошт. - Паҳлавони мо ягон дандон надорад, - гуфтам ҳазл карда ва тифлро ба Хубон баргардонидам, - монда нашудӣ? - Монда шудам, Паҳлавонбек ҳам гурусна монд. Хубонро то долон гуселонида ба хона баргаштам. Хусуру хушдоманам, Робия ва волидонам аллакай дар хона. Падарам маро ба муносибати падар гаштанам ва ман ӯро ба муносибати бобо гаштанаш ҳамдигарро табрик кардем. Робия низ хеле хушнуду хушҳол метофт. Эҳсос кардам, ки падарам нӯшидааст. - Бобо шуданамро бо Володя қайд кардем, - гуфт падарам. То як поси шаб сӯҳбату маслиҳат карда нишастем, сипас хусуру хушдоманамро ба ҳавлӣ расондам. - Рӯзона фаромӯш кардаам, - гуфт хусурам, - ниҳолаки шумо ангур будааст. Ҳамроҳ чароғи дастиро фурӯзон карда ба гармхона даромадем. Хусурам дар паҳлӯи ниҳолак калтакеро дар замин хаста танаашро бо ришта бастааст. Ниҳолак як ваҷаб қад ва чаҳор барг дошт. - Ин кай ҳосил медиҳад? - Панҷ сол мунтазир мешавем. - Панҷ сол... Паҳлавон панҷсола мешавад. Хеле хуб, ба боғча медиҳем. - Боғча чӣ лозим? Бибиаш бекор, мо нигарони набера будему ба боғча супорем? - Бигузор гуфтаи шумо шавад. Маълумотномаро субҳ аз Хубон гирифта ба шӯъбаи ақди никоҳ рафтам, Паҳлавон соҳиби аввалин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташ шуд, одамча, аъзои нави ҷамъият... Рӯзи сеюм Хубонро бо тифл ба хона овардем, ҳама боз дар хона, кӯдак аз бағал ба бағал мегашт. Алалхусус модарам бо хушдоманам бештар тифлро соҳиб мешуданд. - Ангуштчаҳоша бинанд, нохунчаҳоша бинанд... Аммо Паҳлавон касеро намешиносад, ӯ ҳатто намедонад, ки аз таваллудхона ба хонааш омадааст. Нигоҳаш аз нуқта ба нуқтаи дигар мелағжад, наметавонад нигоҳашро идора карда. Маслиҳат шуд, ки рӯзҳои кории ман хушдоман дар хона мемонад, то тифли навзод танҳо намонад. - Имкон медоштем гаҳвораи Хубонро меовардем, - гуфт хусурам, - дар гаҳвораи модар хобидан хосияти хуб дорад. Чӣ будани гаҳвораро намедонистам, суоломез ба Хубон нигаристам. - Шумо гаҳвораро надидаед, шарҳ додан мушкил, - гуфт Хубон, - лекин дастрас кардан мумкин. Ман чанд эълони бафурӯшгузошташударо дидам. - Пагоҳ ба кор меравам, суроғаашро деҳ, худи ҳозир меорам. Хубон сурати гаҳвора ва суроғаро дар телефонам ирсол кард. - Андозааш чанд? - Андозаи чӣ? - Гаҳвора. - Гаҳвора андоза надорад. Кӯдак як ё якуним сол дар он мехобад. - "То якунимсола" гӯям? - Ман ҳамроҳатон меравам, - гуфта хусурам аз ҷо бархост, - гаҳвора гуфта сабад бардошта наоед. - Чӣ хел сабад? - норозиёна гуфт Хубон, - шумо ба бозор ё мағоза намеравед, ки интихоб кунед. Шумо ба хонаи нафаре меравед, ки фарзандаш аллакай дар гаҳвора ҷо намегирад. - Гаҳвораи пештаристифодашуда? - Мебахшед, дар Борисоглебск устохонаи гаҳворасозӣ надорем, - гуфт Хубон. Хусурам ҳарфе назада аз дар берун шуд. - Аз духтарам наранҷед, хоҳ-нохоҳ рӯзе зери итоаташ мешавед, - гуфт хусурам, - Шумо дар ҳақиқат гаҳвораро надидаед? - Не. - Дар куҷо суруди "Алла"-ро шунидед? - Алла Пугачёва? - Кадом Пугачёва? "Алла"-и модарро. - Дар хотир надорам. Ман кӯдак будам... - Матнашро ман ҳам намедонам, ки ба хотиратон орам. Русҳо "баюшки баю" мехонанд-ку?! - Баю-баюшки-баю, Не ложися на краю? - Шумо ҳамин сурудро шунидед аз модаратон? - Ман кӯдак будам дар кӯдакӣ, дар хотир надорам. Шумо дар хотир доред? - Шаст сол шуд, аз куҷо дар хотирам монад?... Лекин гимни Тоҷикистон дар хотирам ҳаст: "Чу дасти рус мадад намуд, бародарии халқҳо устувор шуд"... Дар сутуни айвон як радио овезон меистод, аз саҳар то нисфи шаб мелақид. Соати шаш бо гимн шурӯъ мешуд кораш, ҳозир ноқилҳояш канда шудаанд ба фикрам, кор намекунад. Гаҳвораро аз як зани солхӯрдаи тоҷик харидорӣ кардем. - Ҳамааш дар ҷояш, - гуфт зан, - Ман худам ғун карда будам. Барои писар ҳам, духтар ҳам лавозимот дорад. Гаҳвораро дар мошин ҷо кардем. - Гаҳвора писаронаву духтарона мешавад? - пурсидам аз хусурам. - Муштук дорад, фарқият танҳо дар ҳамон. Гаҳвораро дар ҳуҷра кушодем, хушдоманам ҳамаашро аз назар гузаронид. - Хеле хуб, - гуфт ӯ, - кӯрпачаашро худам медӯзам. Дар мобайни кӯрпача ба андозаи даҳони пиёла сӯрохӣ вуҷуд дошт, гумон кардам муш хӯрдааст. - Моро фиреб карданд? - пурсидам сӯрохиро ишора карда. - Не, ин бояд ҳамин тавр бошад, - гуфт Хубон, - рафта камтар истироҳат кунед. - Суруди "алла"-ро медонӣ? - Меомӯзам. Дар куҷо бояд истироҳат кунам? Ҳама дар ҳуҷраи ман, Робия ҳам гаҳвораро бори аввал мебинад. - Чарх надорад-ку, - гуфт Робия, - ин чӣ тавр ҳаракат мекунад? - Дар барф кашола мекунӣ, - шарҳ додам ман. Хубон ишора кард, ки берун бароям. Хусурам рост мегӯяд, на танҳо бо ҳарфи зан, балки бо ишораи онҳо минбаъд амал мекунем. Аммо ман мехостам бештар бо тифл бошам, пагоҳ ба сафар мебароям ва Паҳлавонро пазмон шуданам мумкин. Кӯдак парпечшуда дар ҷойгаҳи мо мехобид. Бо ваҷаб қадашро чен кардан хостам, то фаҳмам, ки чӣ тавр дар гаҳвора ҷо мегирад. - Чӣ нақша доред? - пурсид Хубон, - падарам танҳо, хӯрокатон сард шуд. Ночор ба ошхона баромадам. Хусурам нонро дар оби шӯрбо тар карда мехӯрд. Аз дег мувофиқи кайфият ва иштиҳо дар косае шӯрбо гирифтам. Шӯрбо гарм, оташи зери дег ба андозаи биринҷ месӯхт. - Оташи зери дегро хомӯш кунед, - садои Хубон аз ҳуҷра баромад. - Ту маро мебинӣ? - гумон кардам истеъдодамон барқарор мешавад. - Садои кафлезро шунидам. Афсӯс, сад афсӯс... Маҳорат аз даст рафт ва шояд бебозгашт. Дигар имконияти хондани фикри ҳамдигарро аз фосила надорем, дигар барои тамошои манзараи кӯча лозим меояд назди тиреза равам. Дар курсӣ нишаста ба ҳуҷра назар кардан хостам, аммо ҳарчанд кӯшидам, мурод ҳосил нашуд, танҳо деворро медидаму халос. Хусурам косаро ба сар бардошт ва хӯроки боқимондаашро фурӯ бурд. - Худоро шукр, - гуфт вай, - ба ҳар луқмаи нонат, ба ҳар чакраи обат, ки аз гулӯъ гузашт. Ба ду чашми бинову гӯши шунаво, ба дасту пои додаат шукр. Шукри ин рӯзҳо, ки дидори набера насибам гашт. - Имшаб шуморо дар ҳавлӣ ҳамроҳӣ мекунам, фардо ба сафар хоҳам баромад, - гуфтам. - Эҳтиёт кунед ва дар паноҳи Худо бошед. Кӯшиш кунед, ки аққалан ҳафтае як маротиба аз аҳволи Хубону Паҳлавон хабар гиред. - Албатта. (поёни қисса)
    4 комментария
    6 классов
    Қимматӣ дар арафаи Рамазон. Магар мусалмонӣ чунин аст? Борҳо таъкид шудааст, ки боло бурдани нархи маҳсулот дар арафаи моҳи шарифи Рамазон гуноҳ аст. Аммо чаро бархе тоҷирони мо инро ба эътибор намегиранд ва бо сӯйистифода аз моҳи Рамазон фоидаи бештару муфт ба даст меоранд? Магар мусалмонӣ чунин аст? Шикоят аз бозор Аллакай сокинони кишвар бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон аз гаронии нархи маҳсулоти ниёзи аввал шикоят доранд. Чанд рӯзи охир арзиши равғани растанӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар анвои ғизоӣ рӯ ба қиматшавӣ овардааст. Агар як — ду ҳафта пеш 1 литр равғани растанӣ 18-20 сомонӣ буд, ҳоло ба 25 сомонӣ расидааст. Тухму шакар, гӯшт ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал майли қиматӣ доранд. Аҷиб, дар Тоҷикистон анъана шудааст, ки дар арафаи ҳар ид дилхоҳ маҳсулот қимат мешавад. Бархе тоҷирон инсофро як тараф гузошта, дар фикри бештар пур кардани ҷайби худ мешаванд. Савринисо, сокини пойтахт бознишаста аст. Ӯ мегӯяд, ки гоҳ-гоҳ ба бозор барои хариди маҳсулот меравад. Ба мушоҳидаи ӯ, дар бозор қариб ки назорат нест ва нархи маҳсулот калаванда аст. “Вақте вориди бозор мешавам, нархҳоро дида, дар ҳайрат мемонам. Маслан, нархи гӯшт дар табло якеву дар гуфтори фурӯшандаҳо дигар аст. Агар пофишорӣ кунед, бо нархи навишташуда гӯшти дилхоҳашро медиҳад. Яъне, инҷо адолат байни фурӯшандаву харидор вуҷуд надорад. Бинобар ин, бештари вақт аз ярмарка ё гӯшаҳои ташкилкардаи берун аз бозор маҳсулот мегирам. Нисбат ба дохили бозор арзонтар аст”,- гуфт номбурда. Низомиддин бошад, дар як мағоза фурӯшанда аст. Ӯ мегӯяд, ки як моҳ инҷониб аллакай ширкатҳои яклухтфурӯш нархро қимат карданд. — Мо аз нуқтаҳои яклухтфурӯшӣ маҳсулотро харидорӣ мекунем. Вақте ба мо маҳсулотро бо нархи гарон меоранд, наметавонем онро арзон фурӯшем. Мо маҷбур мешавем чанд тангаи дигар болои он монему ба фурӯш гузорем,- илова намуд ӯ. Аз таъкиди Абдулқодирзода то нигаронии Ҳоҷӣ Мирзо Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон борҳо аз савдогарон хоҳиш кардааст, ки дар моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ғизоиро боло набаранд, балки ба миқдоре поин фароранд. Ӯ нигарон аз он аст, ки баъзе савдогарон дар моҳи Рамазон ба эҳтикор ё ба таври сунъӣ боло бурдани нарх даст мезананд, ки ин маблағ ба онҳо ба ҷуз нигарониву нокомӣ ва парешониву ташвишҳо чизе намедиҳад. «Мо камбуди равған, орд, меваҷот надорем. Ҳама анборҳо пур аз ин неъматҳост. Ҳоло ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи маводи мавриди ниёзи аввал, бардоштани нархи дигар маҳсулот, умуман сӯйистифода аз моҳи мубораки Рамазон ё рӯзҳои мубораки ид бисёр гуноҳи азим буда, пайомадҳои нохуш низ дорад”,- таъкид мекунад муфтии Тоҷикистон. Рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Мирзо Имронов бошад, дар робита ба ин масъала мегӯяд, ки тоҷири мусалмон набояд худсарона аз моҳи шарифи Рамазон сӯйистифода кунад ва нархи маҳсулотро боло барад. “Дар моҳи Рамазон мардуми мусулмон набояд дар болои молашон фоиз гузоранд ва нархро гарон кунанд, балки бояд аз сари фоидаҳояшон ҳам бигзаранд. Хоҳанд, ки савоби даҳчанд аз моҳи Рамазон бардоранд, тоҷирон бояд молро бо ҳамон нархе, ки мегиранд, фурӯшанд ва ба камбағалу нодору ятиму барҷомондагон хайру садақа кунанд. Касе, ки дар ин моҳ нархро баланд карда, барои мардум вазнинӣ эҷод мекунад, раҳму инсоф надорад”,- мегӯяд номбурда. Чӣ бояд кард? Дар пойтахт масъулини мақомоти дахлдор, бозорҳо бо ҷалби кормандони милитсия борҳо барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани арзиши молу маҳсулот дар арафаи Рамазон талош кардаанд. Аммо ба қавли сокинону таҳлилгарон, натиҷа чандон назаррас набудааст. Зеро пас аз рафтани шахсони масъул фурӯшандаҳо нархҳоро боз ба хости худ мегузоранд. Пас, чӣ бояд кард? Баландшавии нархҳо, хусусан дар моҳи Рамазон, яке аз мавзуҳои доимии баҳс аст. Ҳарчанд мақомот барои танзими нарх дар бозор дахолат кунанд ҳам, аммо то ҳол як низоми назорату мониторинги воқеӣ вуҷуд надорад. На танҳо дар арафаи Рамазон, балки дар тамоми давраи сол бояд низоми назорату танзими нарх ҳамеша фаъол бошад. Инро метавон бо таъсиси гурӯҳҳои махсус ва иштироки намояндагони ҳукумат, кормандони шӯроҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ татбиқ кард. Ҳамчунин, системаи ҷазо барои фурӯшандаҳое, ки нархи маҳсулотро беасос боло мебаранд, муҳим аст. Дар баробари ин, мукофот ё ҳавасмандӣ барои фурӯшандаҳое, ки маҳсулоти босифат пешниҳод мекунанд ё ба коҳиши нарх таъсир мерасонанд, самарабахш хоҳад буд. Зимнан, ба сокинон бояд имкон дода шавад, ки аз нархгузории ноодилона, боло бурдани нархи сунъии маҳсулот ба мақомот шикоят кунанд. Мисли он ки имрӯз дилхоҳ қонуншиканӣ аз ҷониби мақомоти милитсияи пойтахт дур намемонад ва ба тамоми арзу шикояти мардум расидагӣ карда мешавад. Шумо чӣ назар доред, хонандаи гиромӣ? Усмон РАҲИМЗОДА
    3 комментария
    9 классов
    Нома аз Далер Одати бади точики Ассаллому алайкум дустони азиз. Омадани мохи шарифро муборак мегуям баротон. Ман дар Фаронса тахсил мекунам,хамзамон кори шабона дар тарабхонае дорам. Чунки хама чо зиндаги мушкил,кор накуни,намешавад. Аммо ин акахо,апахо,чиянхо,хамсинфон,хамсояхо хар вакт занг зада додарак дар ватан мушкил зиндаги як 200 евро роимон кун. Охир хонахои дакадангу ташкилихои серхарч накарда аз паси тахсили фарзанд шавед,магар бехтар нест. Ё фикр мекунед ки дар Фаронса дарахти евро руидаасту ман бояд онхоро чинда ба шумо фиристам. Одати бади точики ба дилам зад. Ана бие туйи точики кун зан бар охир барои арусро ин чо овардан пули зиед,даводави лозим аст. Ман мехохам хамин чо зан гирам бо дили худам. Хуллас ин одати бади точикона ба дилам зад. Е ман нодуруст мегуям? Нуктаи назари шумо???
    14 комментариев
    17 классов
    Савол аз Озода Ман бисёр бадрашкам. Оё рашк табобат дорад? Илтимос бе киноя нависед.
    51 комментарий
    11 классов
    Наимов Манучеҳр сокини 43-солаи шаҳри Ваҳдат дар содир намудани далелҳои зиёди муносибатҳои шаҳвонӣ бо ноболиғон гумонбар дониста мешавад. Санҷиши пешакӣ муайян намуд, ки номбурда кӯдакони хурдсолро бо додани маблағ ба амалҳои шаҳвонӣ ҷалб намуда, ҳамзамон онҳоро бараҳна ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудааст. Ба фарзияи тафтишот номбурда дар содир намудани шумораи зиёди чунин ҷиноят даст дорад. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки агар Наимов Манучеҳро дар содир намудани чунин кирдорҳо гумонбар медодананд, тавассути рақамҳои 018-02-02-02 ба Раёсати ВКД дар ш.Душанбе муроҷиат намоянд. ______________________________ Наимов Манучехр, 43 летний житель города Вахдат, подозревается в совершении многочисленных действий сексуального характера в отношении несовершеннолетних. По данным предварительной проверки, установлено, что подозреваемый вовлекал малолетних детей к интимным отношениям предлагая им денежные средства, одновременно записывая их в обнаженном виде на видео и распространяя их в социальных сетях. Следствия располагают основаниями полагать, что Наимов Манучехр может быть причастен к значительному количеству аналогичных преступлений. В связи с этим доводится обращение к гражданам: если вам известны факты или имеются подозрения о причастности указанного лица к подобным противоправным действиям, просьба незамедлительно сообщить об этом в Управления МВД по городу Душанбе по номеру: 018-02-02-02. @dushanbe_police_tj
    21 комментарий
    8 классов
    Муаллиф ✍️ Рачабали Файзуллоев ХОКИСТАРИ СУЗОН ( кисса ) Ман умуман ба ишку ошики бовар надоштам.Фикр мекардам, инсонхо аз руи хавою хавас бо хамдигар мехр мебанданду боз вакту соаташ биёяд аз якдигар руи мегардонанд.Дар кучахо агар ду нафареро медидам, аз зери китфи хамдигар дошта рафта истодаанд, онхоро ошикон мегуфтаму ба рохгардиашон зехн мемондам..Хамин хел ишк дар тасаввури ман буд.Аммо баъдхо фахмидам, ин ишки сабилмонда хокистараш хам сузон будасту инсонро аз аз хар чихат девонаю шайдои ёр мекардааст. Мактабро тамом кардаму падару модарам дар фикри оиладор кардани ман шуданд. - Писарам биё оила барпо кун, ин умри одам мисли шамол дарав гузашта меравад.Мо хам дар ин дунёи дуруза ганиматем,- мегуфт хасраткунон модарам.Аммо дар такдири ман хеч духтари кадбаланди ба сикаю сурат паидо намешуд.Бало занад духтарони хозираро кади онхо аз якуним метр баландтар нест.Ман расмхои аз албому винеткахо ёфтаи модарамро мебинаму дуд аз димогам бадар мешавад. - Оча, ин суратхои ёфтаи Шумо намешаванд, ба ман ягон духтари болобаланди каддарози хушру лозим аст,- мефахмондам ба модарам.Модарам аз танкидхои ман безор шуда буд.Хамин тавр дар гами ёри мувофик рузхою моххо сипари шуда окибат ба мухочират рафтам.Ман дар шахри Москва дар як заводи хуб ба кор даромадам.Рузона кор мекардаму шабона боз дар ду магазини русхо посбони мекардам.Музди маошам аз ду чои корам кариб 45 хазор рубли руси буд. Як бегох дар назди магазин як духтари кадбаланди зеборо дида мафтун шудам.Фикр кардам ин духтар ягон аврати зебои узбек аст.Аммо тахминам хато баромад.Духтар аз точикони худамон буд.Вакте аз магазин харид карда баромад, ман зуд давида пешаш рафтам. -Салом хохар, ту точики? - Ха ман точик чаро пурсиди? - Хеч барои фахмиданам, фикр кардам ту узбаки! Духтар каме хандиду хост рохашро он давом дихад, аммо ман ба у гуфтам. - Биё ман бори харидаатро то хонаатон мебарам. - Охо, нагз ку, маилаш ман рози,-духтар инро гуфта сумкаи борашро ба ман дод.Мо сухбаткунон то назди хонаи онхо омадем. - Ана акнун расидем, мо дар хамин . домо зиндаги мекунем, фахмонд духтар ва борхои харидаашро аз дастам гирифт.Пас аз рафтани у каме истода гамгин шудам. Духтар рафту аккалан номашро напурсидам,- аз дил гузаронидам.Аз лахчаи гапзанияш хис кардам, ки аз духтархои зебои Кургонтеппа аст. Рузи дигар боз дар чои корам нишаста будам, ки духтар омад. - Рузатон ба хаир бошад, ако!- маро дида гуфт гуфт духтар.Мо бо хам вохури карда ахволпурси кардем. - Дина бо хам хеле мулокот кардему аккалан номатро ба ман нагуфти?- пурсидам аз духтар. - Номам Товус аст, маро хонагихо товус мегуянд,- шармида гуфт у. - Бисёр номи зебо, дар хакикат мисли Товус зебоед,- хандида гуфтам ба у.Духтар аз таърифи ман хеле хурсанд шуд.Хамин рубарушави сабаб шуду ман Товусро хар руз вомехурдам.Духтар рафта- рафта ба ман мехр баст. ( давом дорад )
    3 комментария
    22 класса
    Нодира Мирходжаева як хоҳарамо савол додиян: шавҳарам а сабаби модараш моро нахостан аз ману се фарзандам ҷудо аст, ҳар моҳ алимент месупорад кам бошадам. Лекин як чизи дигара мепурсидаги ман- оё ман бо фарзандонам дар азоб гӯсфанд қурбониҳою хайркуниҳои шавҳарам дуруст мебошад? илтимос дуруст ё нодуруст гуфта гузаред шуд, суханои ноҷо нашавад, ки қуввати дили гапбардорим намондааст, фақат бо сӯҳбат аз шумоён каме бошад ҳам дилбардори мехоҳам.
    19 комментариев
    13 классов
Фильтр
Закреплено
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Показать ещё