Беномусхо
нахонанд!!!
Ҳикояти амири золим ва зани боғбон!
Амире золим рӯзе ба шикор берун омад ва дар боғе тарҳи иқомат андохт. Зани боғбонро дид, ки дар ҳусну ҷамол бемисол аст. Дилаш моил шуд. Боғбонро ба коре берун фиристод ва занро гуфт то дарҳои боғро маҳкам бандад ва боз биёяд. Зан бар нияти ӯ воқиф шуда дарҳои боғро банд намуда пеши ӯ омад ва гуфт. ки:
-Эй амир, ҳама дарҳоро банд кардам, аммо як дари бузургро бастан наметавонам.
Амир пурсид, ки:
- Он дар кадом аст, ки бастан наметавонӣ?
Гуфт: Он дарест миёни туву Офаридагори ту, ки ба ҳеҷ ваҷҳ баста намешавад.
Амир аз ин сухан интибоҳ (танбеҳ) ёфт ва аз нияти худ тавба намуд.
Ва дар дигар қиссае омадааст ки:
Киссаи обид ва зани у!
Обиде буд парҳезгору шабхез, Худотарсу Ҳақшинос. Халқи он тарафро дар хидмати ӯ эътиқоди содиқ буд, ки гоҳе қадам аз ҷодаи шариъат берун наниҳода. Ва занаш бағоят хубсурату нексират буд. Алғараз, ҳар душон дар
ҷамоли сувариву камоли маънавӣ машҳури офоқ буданд.
Рӯзе обидро яке аз мардуми бозорӣ меҳмони даъват намуд. Мувофиқи аҳли тақво ҳар чанд дар хӯрданиҳову нӯшокиҳо эҳтиёт мекард, аммо дар он замон беихтиёр ба зиёфаташ рафт ва аз ҳар гуна таоми лазиз ба серӣ хӯрд.( ахли тақво кам мехурдаанд).
Гаронӣ дар ботинаш пайдо омад ва фавҷи хатароти нафсонӣ ва лаззоти шаҳвони бар ҳисори дилаш тохтан овард. Чун пардаи зулмонӣ бар акнофи олам фуру ҳиштанд.
Обид бо каме дирҳам аз хонаи худ баромаду дар маҳаллаи бадкорон (фохишагон) рафт. Ба хонаи ҳар ки мерасид аз ҳайбати рухи нурониву риши дарози ӯ касе ба ризояш тан дарнамедод. Ва тамоми шаб кӯча ба кӯчаву дар ба дар гашт, аммо ҷое дасташ банд нашуд ва тири тамаъи он аз шасти камон бар ҳадафи мурод нарасид. Ночор бо дили пурғаму чашми пурнам бомдодон роҳи хонаи худ пеш гирифт.
Ва дар дили худ мегуфт, ки:
- «Чаро касе бо ман розӣ нашуд(зино кунад)?»
Чун ба хона даромад зани худро дид бо мӯи парешону дидаи гирён ба гӯшаи кошона нишаста. Пурсид, ки:
-Ҳол чист?
Зан бо камоли таассуф гуфт, ки:
- Имшаб аз ман нуқсоне содир шуд, ки мӯҷиби сазои сахт хохам буд, аммо умедвори афв ҳастам, ки домани «исматам» ба гарди гуноҳ олуда нагаштааст.
Обид пурсид:
-Возеҳтар (равшантар) бигӯй, ки шомати нияти ман дар ту низ асар карда бошад (яъне бифаҳмам).
Зан гуфт, ки:
-Ҳар гоҳ ту аз хона баромадӣ дили ман беихтиёр хост, то болои бом бароям. Чун аз дарича берун назар кардам ҷавонеро дидам, ки чун сарви саҳй дар гулистони ҷавонӣ мечамад. Бо изтироби тамом ишорат кардам, то боло
биёяд ҷавон инкор карду бирафт.
Алғараз, чандин мардумро ба ҳамин қисм толиб шудам, касе мутаваҷҷеҳи ман нагардид ва бо вуҷуди ҳусну ҷамол ба муроди ман ризо надод. Чун нисфи шаб бигузашт аз бом поён омадам ва зангии сиёҳруро аз роҳи ҳилла талаб кардам.
Чун ӯ рӯи маро бидид донист, ки аз қавми ҷинниёту париён аст, тарсиду ларза бар андомаш афтод ва роҳи гурез паймуд.
Гуфтам, ки:
- «Имшаб аҷаб ҳодиса гузашт, ҳарчанд бар ҳусну ҷамоли худ нозон будам зиёда аз он хиҷолатзадаву ғамгин шудам. Ва аз он вақт то ин замон бо оҳу фиғон мегузаронаму номаи шомати аъмолро ба оби дида мешӯям».
Обид пушаймон гашта бигрист ва гуфт:
-Оре танбеҳи нафси мани баднийят ҳамин буд.
Пас ҳоли худ пеши зан баён кард. Боз ҳар ду ба аз сари нав тавбаву истиғфор карданд ба Худованди Мутаъол ва дигар боре ҳам фикри «исён» карданро надоштанд.
Даст магир аз камаре то нагирад аз камарад!
Дасту бозуйи тавон дар камарад ...
Дари касро ту макуб, то ки накубад дари ту!
Гар бикуби дари кас куфти дарат мебини.
\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\///////////////////\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
Ъибрат:
Ҳосили матлаб. Агар ту мехоҳӣ, ки пардаи номуси ту ба саломат, монад хаёли пардадарии номуси дигаронро дар хотир магзарон! Яъне туро ҳам модарест, хоҳарест, духтарест, занест ки ту намехоҳи нафаре ба онон назари бад кунад. Пас гар ту нийяти бад ки надошти онон низ бар аҳли ту нийяти бад нахоҳанд кард.
Худованди таъоло дар Каломаш мефармояд:
-«Ба гомҳои (қадамҳои)Шайтон тобеъ нашавед, зеро ӯ барои шумо душмани
ошкорост. Ва шуморо ҷуз ба корҳои бад ва бисёр зишту беҳаёӣ амр намекунад». (Бақара: 168-169).
Худованди таъоло ҳамчунин мефармояд:
-« Ҳар гоҳ аз занони номаҳрам чизеро хостед, дар пушти парда онро бихоҳед.
(Аҳзоб: 53).
Пайғамбари Худо (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) дар Ҳаҷҷул-вадоъ чунин фармуданд, ки:
-«Ҳар кас назари ба шаҳват кунад дар занонн номаҳрам Худои таъоло бифармояд, то ду чашми ӯро пуроташ кунанд, он гоҳ ӯро ба дӯзах андозанд.
Ва ҳар кас дасти зани номаҳрамеро гирифта вохӯрдӣ кунад, рӯзи қиёмат ду дасти ӯро бо гарданаш бо занҷирҳо баста ба дӯзах андозанд.
Агар касе бӯса кунад зани номаҳрамро, ё калимоти кабеҳ (яъне, суханоне, ки онро мард метавонад фақат бо зани худ бигӯяд) гӯяд, ба ҳар калимае, ки гуфта бошад ҳазор сол дар дӯзах бимонад».
Ва ҳамчунин дар китоби «Шариъат-ул-ислом» меоранд ин ҳадисро, ки
Пайғамбари Худо (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)фармуданд, ки:
-« Ҳар кас ба ҳавои нафси худ сухан гӯяд бо зани номаҳрам, пас ба ҳар калимае, ки гуфта бошад ҳазор сол ӯро дар дӯзах азоб кунанд».
Пас бародарону хохарони Эмони бидонед ки: ЗИНО ИН ҚАРЗЕСТ КИ ТУ ПАДАР Ё МОДАР Ё БАРОДАРУ ХОҲАР ХУДАТОН ИН СОАТ ГАР ГИРИФТАЕД- АММО АДОИ ОН ҚАРЗ ФАРДО БАР УҲДАИ АҲЛУ АЁЛИ ШУМО ХОХАД БУД! РУЗЕ АЗ ЪАМАЛИ КАРДАИ ХУД ПУШАЙМОН ХОҲЕД ШУД ЗАМОНЕ ХАБАР ЁБЕД КИ ХОҲАР Ё ДУХТАРИ ШУМОРО ЗИНО КАРДААНД! ПАС ОЁ ИМРУЗ ДАСТ КАШИДАН АЗ ОН ЪАМАЛИ НАНГИН БАР ШУМОЁН БЕҲ НЕСТ??
Ин ваъидест ки нафари зинокори «бенангу беномус» дар ин дунё хохад дид. Аммо ин барои нафари зинокорин басанда нест- дар «охират» азобу хори зиёде бар онон ваъда шудааст:
Пайғамбари Худо (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)фармуданд, ки:
-« Бо падаронатон некӣ кунед, фарзандонатон бо шумо некӣ хоҳанд кард. Дар ҳаққи занони номаҳрам иффат ва покдоман бошед, занҳои шумо покдоман хоҳанд буд. Касе, ки маъзаратро напазирад ва қабул накунад бар ҳавзи Кавсар ворид нахоҳад шуд. (Ҳоким).
Пайғамбари Худо (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)фармуданд, ки:
-« Касе, ки аз чаҳор чиз дурӣ ҷӯяд дохили биҳишт мешавад: Рехтани хуни мусалмон ба ноҳақ. Дуздй. Зино. Хӯрдани шароб. (Базор).
« Касе, ки зино кунад ва ё шароб ва чизҳои масткунандаро бинӯшад, имон аз даруни ӯ хориҷ хоҳад шуд, ҳамчунонки пироҳани инсон аз ҷониби сар аз тани
ӯ хориҷ мешавад». (Ҳоким).
«Ҳар гоҳ дар ҷомеъае рибохӯрй ва зино ошкоро шавад, ба таҳқиқ азоби Худоро бар нафси худ фароҳам сохтаанд». (Табаронй ва Ҳоким).
-«Зино падидоварандаи фақр (камбағалй, қашшоқй)аст». (Байҳақй)
-«Зинои чашмон нигоҳ кардан ба номаҳрам аст».(Табаронӣ).
« Пас аз ширк ва куфр дар назди Худо бузургтар аз ин гуноҳе нест, ки касе нутфаи худро дар раҳме резад, ки бар ӯ ҳаром аст». (Ибни Абидунё).
Ҳар касе, ки муртакиби амали зино шавад, аз вай имон хориҷ хоҳад шуд, вале агар тавбаи «насуҳ» кунад, тавбааш мавриди қабули Худои мутаъол хоҳад шуд.
Пайғамбари Худо (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)чунин мефармоянд, ки:
-« Се гурӯҳанд, ки Худои таъоло дар қиёмат бо онҳо сухан нагӯяд ва назари раҳмат ба онхо накунад ва онҳоро аз нопокии гуноҳ пок нагардонад ва онҳоро бошад азоби дарднок. Аввал, подшоҳи дурӯғғӯй. Дуввум, пири зинокор. Саввум,
фақири мутакаббир, яъне гарданкаш аз Ҳақро».
Ва дар ҳадиси дигар меояд, ки ҳафт замин бар пири зонӣ меларзад. Ваҳй кард Худои таъоло ба Довуд (ъалайҳис-салом), ки:
-« Эй Довуд (ъалайҳис-салом), ба иззату ҷалоли Ман, ки назар мекунам ба раҳмат ҳар рӯз бомдоду шабонгоҳ ба бандаи пири худ, пас мегӯям ӯро, ки:
Бандаи ман, бузург шуд синни ту ва тунук шуд пӯсти ту ва суст гашт устухони ту ва заъиф шуд тани ту, шарм дор аз Ҳазрати ман, ба дурустй, ки ман шарм медорам аз он, ки туро азоб кунам».
Дар ҳадис меояд, ки як зино бо зани ҳамсоя бадтар гуноҳ дорад бо даҳ зиное, ки бо зани дигар дар ҷои дигар мекунад. Чунончи Пайғамбари Худо (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд, ки:
-«Касе, ки бо зани ҳамсояааш зино кунад, дар рӯзи қиёмат Худои таъоло ба ӯ наменигарад ва ӯро пок намегардонад. Ба ӯ мефармояд, ки: Бо ҷаханнамиён
вориди оташи ҷаҳаннам шав (Дайламӣ).
Зеро ҳамсоя аз боқии мардум бештар ҳақ дорад. Дар ҳоле, ки мебоист
он шахс зани ҳамсояро аз бегона нигоҳбонӣ кунад, ба ҳуқуқи ӯ таҷовуз кардааст, пас ҳаққи худаш аст, ки дохили оташи ҷаҳаннам шавад.
Ва як зино бо зани шавҳардор бадтар аст аз ҳазор зино бо занони бешавҳар. Дар замони мо баъзе аз мардони ишратпараст бо зани бева зино карданро савоб
медонанд ва ҳол он, ки зино худ сарбасар гуноҳи кабира аст ва наздик шудан ба ин кори ношоиста низ худ гуноҳи бузург аст. Эй он касоне, кн зинои зани беваро савоб мешуморед, чаро барои Худо дасти беваву ятимони онҳоро намегиред?
Агар максади шумо савоб бошад, пас чаро он занро бо никоҳи мусалмонӣ никоҳ карда, ба ятимони вай некӯӣ намекунед? Биёед андеша кунем, ки
агар дар ҷои он зани бева модарони мову шумо ва дар ҷои он ятимон худи мову шуморо қарор диҳанд чӣ мекардед?
Пайғамбари Худо (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) чунин мефармоянд, ки:
-«Ҳангоме, ки Худои таъоло хоҳад деҳе ва ё гузареро ҳалоку нобуд гардонад, ошкор мекунад дар миёни онҳо зиноро, то ба шумии зино ҳамаи мардуми он маҳалла ҳалок хоҳанд гашт».
Эй мусалмонон, дар маҳалла ва деҳу гузаре, ки зинокоре бошад, ба ҳар гуна азобу шиканҷа сарзаниш ва манъ намоед. Дар ҳар гузару маҳалла калонону
мӯсафедони мӯътабар ҳастанд ва суханони онҳо таъсире дорад. Барҳам додаии табаҳгору зиногор ва бенамозу хамрхори ҳар гузару маҳалла ба ҷамъияту диёнати аҳолии гузару деҳа осон аст. Ва ҳам ин кор амал ба воҷиботи имон ва сабаби салоҳи фарзандон хоҳад гашт, ки аҷри азим дорад бо ободии ватани шарифамон.
Пайғамбари Худо (саллаллоҳу ъалайҳи ва салам ) чунин мефармоянд, ки:
-«Ҳангоме, ки фош гардад зино ва рибо дар деҳе ва ё шаҳре, пас ба таҳқиқ, аҳолии он макон ' худ воҷиб гардонидаанд азоби Худои таъолоро барои худашон».
БА ДУРУСТИ КИ БАР НАФАРОНИ ОҚИЛ ХАМИН 1-2 ҲАДИСИ РАСУЛИ АКРАМ (саллаллоҳу ъалайҳи ва салам) ВА ОЯҲОИ ҚУРЪОНИ БАСАНДА АСТ КИ ДИГАР РУ БА ЗИНОВУ ҲАРОМКАРДАҲО НАОРАНД. БАР ОН НАФАРОНЕ КИ ХУДРО МУСАЛМОН МЕҲИСОБАНДУ ХАМР МЕХУРАНД, ЗИНО МЕКУНАНД, ДУЗДИ МЕКУНАНД ВА БЕПАРВО ДАСТ БА ҲАРРОМКАРДАҲОИ ИЛОҲИ МЕЗАНАНД ҲАМИН ҲАДИСИ ШАКАРВОРИ РАСУЛИ АКРАМ (саллаллоҳу ъалайҳи ва салам) БОЯД БАСАНДА БОШАД:
Абӯҳурайра (разияллоҳу ъанҳу) ривоят кардаанд:
-« Пайғамбари Худо (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуд: -«Касе, ки зино мекунад, агар ба ҳангоми зино кардан имон медошт, ба зино даст намезад. Ва касе, ки шароб менӯшад, агар ба ҳангоми нӯшидани он имон дошта бошад, шароб наменӯшад. Ва дузд ба ҳангоми дуздй кардан, чунончи имон дошта бошад, қадам ба дуздӣ намениҳад».
Аммо нафароне ки пас аз хондани ин мисраҳо ки ба он ъамалҳои нангину палиди худ идома медиҳанд буе аз Биҳишти Пурнозу Неъмат ба онон нахоҳад расид. Чун онон на эмони ба Худо доштаанд, на нангу номус- ва на парвое аз он ки зану духтару хоҳаронашон фоҳиша мешаванд ё хайр!
ИЛОҲО!, ҚОДИРО! Парвардигоро! раҳме ба ҳоли бечорагон намуда аҳли зино ва оли риборо инсоф дода роҳ намой, то мардум аз шумии онҳо халосй ёбанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 9