
Вазорати тандурустии Фаластин дар Ғазза эълон кард, ки шумораи шаҳидону захмиҳои ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазаа ба 48 ҳазору 346 нафар расидааст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазорати тандурустии Фаластин дар Ғазаа бо нашри изҳороте, омори навтарини шаҳидону захмиҳои ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазаа аз 7 октябри соли гузашта то ҳолро эълон кард.
Мувофиқи эълони Вазорати тандурустии Фаластин дар навоҳии Ғазаа, дар натиҷаи ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазаа аз 7 октябри соли гузашта то ин лаҳза, 48 ҳазору 346 нафар шаҳид шудаанд.
Ҳамчунин ин ниҳоди тиббии фаластинӣ иброз дошт, ки шумораи умумии захмиҳои ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазаа аз оғози ҷанг дар ин минтақа ба 111 ҳазору 759 нафар расидааст.
Ин вазорат эълон кард, ки дар давоми 24 соати гузашта, ҷасади 7 шаҳид ба беморхона интиқол дода шудааст, ки 5 шаҳид аз зери харобаҳо бароварда шудаанд ва 2 нафар низ ба тозагӣ шаҳид шудаанд. Дар ин муддат 6 нафари дигар низ захмӣ шудаанд.
Ҳанӯз ҳазорон нафар дар Ғазаа гумшуда ва зери харобаҳо қарор доранд. https://tajikpress.com/2025/02/25/%d0%be%d0%bc%d0%be%d1%80%d0%b8-%d1%88%d0%b0%d2%b3%d0%b8%d0%b4%d0%be%d0%bd-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%b1%d0%b0-48-%d2%b3%d0%b0%d0%b7%d0%be%d1%80%d1%83-346-%d0%bd%d0%b0%d1%84/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев