ҲИКОЯТ...
Подшоҳе ба вазираш гуфт:
– Се суол мекунам, фардо ҷавоб додӣ, дар мансаб бимонӣ ва илло аз мақомат барканор мешавӣ!
Суоли аввал: Худованд чӣ мехӯрад?
Суоли дуввум: Худованд чӣ мепӯшад?
Суоли саввум: Худованд чӣ кор мекунад?
Вазир, ки ҷавоби суолҳоро намедонист, нороҳат шуд. Ғуломи донову зираке дошт, ба ӯ гуфт:
– Шоҳ се суол аз ман пурсидааст. Агар ҷавоб пайдо накунам, аз мансабам барканор мешавам.
Ғулом гуфт:
– Ҷавоби суолҳоро медонам, вале ҳоло ду ҷавобро мегӯям:
Ҷавоби аввалӣ: Худованд чӣ мехӯрад? Худованд ғами бандагонашро мехӯрад.
Ҷавоби дуввум: Худованд чӣ мепӯшад? Худованд айби бандагонашро мепӯшад.
Аммо посухи саввумро бо иҷозаи шумо фардо назди п
Комментарии 1