💐🌺💐
Ба номи Худо
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
Салом, қуръономӯзони азиз!
Ба Гулистони Қуръон хуш омадед. Ба хости Худо дар ин барнома бо мафоҳими сураи Нос ошно хоҳем шуд.
🌿🌸 Матн ва тарҷумаи сураи Нос 🌿🌸
بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
قُلْ أَعُوذُ بِرَبِّ النَّاسِ ﴿۱﴾
Бигӯ: Ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам
مَلِکِ النَّاسِ ﴿۲﴾
Ба подшоҳи мардум
إِلَهِ النَّاسِ ﴿۳﴾
Ба маъбуди мардум
مِن شَرِّ الْوَسْوَاسِ الْخَنَّاسِ ﴿۴﴾
Аз бадии хеле васвасагари бисёр пинҳоншаванда
الَّذِی یُوَسْوِسُ فِی صُدُورِ النَّاسِ ﴿۵﴾
Он касе, ки дар синаҳои мардум васваса мекунад
مِنَ الْجِنَّةِ وَ النَّاسِ ﴿۶﴾
Аз ҷин аст ва аз инсонҳо
🌺🌺🌿🌸🌸
Худо ба шумо хайр диҳад, ки бо матн ва тарҷумаи сураи Нос ошно шудед.
Бачаҳои азиз, як хатари хеле хатарнок моро таҳдид мекунад. Он хатари васвасагаре аст, ки ба суроғи мо меояд ва боз пинҳон мешавад то моро аз роҳ берун кунад. Ин васвасагар метавонад ҷин бошад ва ё инсон бошад. Пас хеле бояд диққат кунем, ки агар инсоне бо номи дӯсту ошно агар ҳарфе зад, амале кард, ки моро аз роҳ берун мебарад, бояд зуд бифаҳмем ва аз ӯ дурӣ кунем. Ин васвасагари хатарнок мехоҳад дар сина ва қалби мо роҳ ёбад ва моро аз дарун пук кунад. Ин хеле хатарнок аст.
Дар ин сура мехонем, ки барои дар амон мондан аз ин хатари бузург бояд ба Парвардигори инсонҳо, подшоҳ ва соҳиби инсонҳо ва худои инсонҳо паноҳ барем. Яъне барномаи ӯро бидонем ва амал кунем, дар сахтиҳо ва мубориза бо золимон аз қудрати ӯ кумак бихоҳем ва ҳар гоҳ дилтангӣ ё нороҳатӣ доштем бо ӯ дарди дил кунем. Ӯ метавонад дар ҳамаи ин корҳо моро ёрӣ расонад.
Бачаҳои азиз, паноҳ бурдан фақат дар забон нест, балки бояд ба он амал кунем ва ҳар чи метавонем бо гӯш ва амал кардан ба суханони Худо ва дуо худамонро ба ӯ наздик кунем то аз хатари бузурги васвасагари бад дар амон монем.
🌺🌿🌸
Офарин, ҳоло биёед шеъри зебои сураи Носро бо ҳам бихонем:
Ба номи Парвардигор
Дӯсташ медорам бисёр
Донову меҳрубон аст
Роҳнамои инсон аст
Аз Худо дорам сипос
Мехонам сураи Нос
Бигӯ: Эй Паямбарам
Ба ӯ паноҳ мебарам
Парвардигори мардум
Соҳиби кори мардум
Ҳам маъбуду илоҳ аст
Меҳрубону огоҳ аст
Аз бади васвасагар
Пинҳон асту ҳилагар
То аз ҳақ шавем ҷудо
Фаромӯш кунем Худо
Дар синаҳо медамад
Бо зикри ҳақ мерамад
Аз ҷин асту аз инсон
Хеле ҳам зараррасон
Худо бувад паноҳам
Ҳарфаш чароғи роҳам
Сурудаи Саломиддини Муҳаммадамин
🌸🌸🌸
Офарин, бачаҳои азиз!
Худоро шукр, ки бо сураи Нос ва тарҷума ва шеъри зебои он ошно шудем.
🌹☘️🌹
То барномаи баъдӣ ва ошноӣ бо сураи дигар Худо нигаҳдоратон бод!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев