💐💐
Ба номи Худо
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
Салом, қуръономӯзони азиз!
Ба хости Худо дар ин барнома бо мафоҳими сураи Моун ошно хоҳем шуд.
🌺🌺
Матн ва тарҷумаи сураи Моун
بِسْمِ اللَّـهِ الرَّحْمَـٰنِ الرَّحِیمِ
🌿 Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
أَ رَأَیْتَ الَّذِی یُکَذِّبُ بِالدِّینِ ﴿١﴾
Оё дидӣ касеро, ки динро дурӯғ медонад?
فَذَٰلِکَ الَّذِی یَدُعُّ الْیَتِیمَ ﴿٢﴾
Пас он касест, ки ятимро ба тундӣ аз худ меронад
وَ لَا یَحُضُّ عَلَىٰ طَعَامِ الْمِسْکِینِ ﴿٣﴾
Ва ба сер кардани ниёзмандон ташвиқ намекунад
فَوَیْلٌ لِّلْمُصَلِّینَ ﴿٤﴾
Пас вой бар намозхонон
الَّذِینَ هُمْ عَن صَلَاتِهِمْ سَاهُونَ ﴿٥﴾
Касоне, ки ба намозашон сустӣ мекунанд ва барояшон муҳим нест
الَّذِینَ هُمْ یُرَاءُونَ ﴿٦﴾
Касоне, ки риё ва худнамоӣ мекунанд
وَ یَمْنَعُونَ الْمَاعُونَ ﴿٧﴾
Ва аз додани чизҳои кам ва зарурӣ ба ҳамсоягон ва ниёзмандон худдорӣ мекунанд
✅🌺🌿 Бачаҳои азиз, пас бидонем, ки дар сураи Моун бо одами бад ошно мешавем:
1 . Динро дурӯғ медонад
2 . Ятимро аз худ меронад
3 . Ба сер кардани мискин ташвиқ намекунад
4 . Намоз ҳам мехонад, вале вой бар ӯ
5 . Чун ба намозашон аҳамият намедиҳанд
6 . Ва риёкорӣ мекунанд яъне Худо барояшон муҳим нест ва ба ҷои ӯ мардум муҳим ҳастанд
7 . Аз додани чизҳои кам ва зарурӣ ба ҳамсоягонаш ва ниёзмандон худдорӣ мекунад
🌿 Касе, ки ба забон мегӯяд, ки ман динро қабул дорам ва ҳатто намоз ҳам мехонад, вале ба намозаш аҳамият намедиҳад ва риёкорӣ мекунад ва ба фикри меҳрубонӣ ба ятимон ва сер кардани гуруснагон ва ҳалли мушкилоти ниёзмандон ва ҳамсоягон нест, ин дар амал динро дурӯғ медонад ва ин диндорӣ барояш фоида надорад ва вой ба ҳолаш.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев