Патент– ин хучатест, ки барои мухочири мехнати зарур аст.
Дар мухлати 15 рузи баъди ворид шудан ба Россия Шумо бояд аз кайди мухочирати гузаред ва дар давоми 30 рузи таквими патентро ба расмият дароред.
Дар асоси як патент Шумо метавонед танхо дар минтакае ки он эътибор дорад, фаолият кунед! Патент ба мухлати аз 1 то 12 мох дода мешавад.
Аз инчо савол бар меояд, ки чи тавр мухлати эътибори патентро давом додан лозим аст?
Барои ин Шумо бояд сари вакт андози патентро пешпардохт кунед!.
Дар холати 1 руз дер супоридани пешпардохт, патент бекор карда мешавад!
Барои гирифтани патент хучатхои зеринро пешниход кардан лозим аст:
1. Ариза;
2. Шиносномаи хоричи;
3. Корти мухочирати;
4. Полиси сугуртавии тиббии ихтиёри;
5. Сертификатхои тибби;
6. Сертификат оид ба донистани забони руси,
7. Хучат дар бораи кайди мухочирати;
8. Квитанцияи пешпардохти АНДОЗ барои патент;
9. ИНН.