Ба Модарам
Модар, эй дар зиндагӣ маънои ман,
Модар, эй дунёи беҳамтои ман,
Модар, эй африштаи зебосиришт,
Модар, эй баъди Худо яктои ман,
Эй, ки вақти зодани фарзандҳо
Байни маргу зиндагонӣ мондаӣ
Ҷон ба каф баҳри ҳаёти кудакон
Сад нидо бар Ёри Якто хондаӣ
Модари ҷонам Худо умрат диҳад
Ман намеарзам ба қадри заҳматат
То намирад тифли армонат , азиз
Зиндагӣ бошад ҳама сӯзу табат...
Хоби роҳатро надидӣ баҳри мо
Навҷавониҳои худро костӣ
Ҷон шудӣ бар ҷони ман, бо сад дуо
Аз Худо бахти маро мехостӣ
Қалби ту пур орзую пур умед,
Баҳри мо бинмуда мӯятро сафед.
То ҷигарбандат намирад, модарам
Бош болои сарам монанди Шед
Дар сари гаҳвораи ман то саҳар
Хонда баҳрам "бачаи собун"-ро*
Кардӣ бо ғамҳои ман охир сафед
Гесувону милаи шабгунро.
Ёд дорам, қади дилҷӯйи туро,
Чашми шаҳло, то миён мӯйи туро,
Қалби саршори муҳаббат, дасти меҳр
Аз гулистони Худо бӯйи туро.
Ёд дорам хандаҳои беғашат
Ёд дорам чашми бехоби туро,
Ёд дорам тифлии ширини худ,
Чеҳраи хуршеди пуртоби туро!
Бахш моро қоматат хам гаштааст
Қалби покат киштаи ғам гаштааст.
Модари ҷонам барои бахти ман
Дидаи пурнури ту нам гаштааст.
Ту Худоӣ баҳри ман баъди Худо,
Зиндагоният ҳама гулрез бод
Нест подоши ғамат дар ҳеҷ ҷо.
Ҷои ту дар дидаи Ромиз бод.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2