Предыдущая публикация
Ту чаро мепурсӣ аз ман: "Аз куҷоям?"
Аз ҳамин ҷо, додари ҷон, аз шумоям!
Тоҷики ту, тоҷикам ман, тоҷиконем,
Дар ҷаҳон наздиктарини аз бароям.
Ту набошӣ, тоҷике кам мешавад,
Ман набошам, тоҷике кам мешавад.
Шукри ҳамдигар намоем мо агар,
Кишвари мо пур аз одам мешавад.
Меҳри мо аз марз берун меравад,
Ҳар куҷо як тоҷик аст авлоди мост.
Ҳар куҷо як тоҷик аст, акнун дигар,
Дар дилу дар дидаву имдоди мост.
Дар замони ларзиданҳои ҷаҳон,
Рӯ ба рӯи мо, ки сад деву балост,
Гирди ҳам бояд нишинем ҷафстар,
"Аз куҷоӣ?"- гуфтанат кори хатост.
Ёдгори Нозир
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 46
Аллох халки мора нигахдора