Ҳайфо,ки ин чӣ тоб аст,
Дар дасти ту шароб аст.
Аз ҳуш бе ҳуши ту ,
Бин ҳоли ту хароб аст.
Дори ба хона фарзанд ,
Дилгушна дар азоб аст.
Монда чун бе сару по,
Мӯҳтоҷи нону об аст.
Сарфи ту , моли хона,
Аз баҳри як шароб аст.
Бечора духтари ту ,
Бе сатру бе ҳиҷоб аст.
Вой, ба ҳолат акнун,
Шушу ҷигар кабоб аст.
Табибу доруҳо ҳам,
Аз дасти ту қимоб аст.
Умре,ки меравад тез,
Монанди ҷӯю об аст.
Рӯзе ба аспи чӯбин,
Бингар,ки дар шитоб аст.
Мекунӣ кори шайтон,
Ин кори носавоб аст.
Ҳайфо,ки меравӣ ту,
Ҷои хобат туроб аст.
Афсӯс, фурсате нест,
Ҷони ту дар азоб аст.
Чун бавлу хуну зардоб,
Нӯши ту ҷои об аст.
Тарки зи кори бад кун,
Аз Ҳақ ба ту хитоб аст,
Кун тавбаву тазарро,
Шояд,ки мустаҷоб аст.
Дурӣ биҷӯ зи дӯзах,
Ҷое ки пуразоб аст.
Биштоб сӯи Ҷаннат,
Коре бикун савоб аст.
Ин шеъраки Муродӣ,
Қатра зи ҷӯи об аст.
Нӯше ба ҷону дил кун,
Шаҳду шароби ноб аст.
( МУРОДИИ ХАТЛОНӢ )
19.06.2016. с.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4