Илми мизоҷшиносӣ ҳамон озмоишгоҳи Тибби ниёгог мебошад, ки бе озмоишгоҳ табиб наметавонад дар табобати худ муваффақ бошад...
Имрӯз мо ишорае ба ин илм мекунем.
Ҳар як чизе ки мо дар ин олам мебинем ва мушоҳида мекунем дорои мизоҷ ҳастанд, ки онҳо ё гармӣ мебахшанд ва ё хунуки (сардӣ)...
Мизоҷи соатҳо, маззаҳо, маконҳо...
Медонистед, ки #фаслҳои_сол ҳам дорои мизоҷ ҳастанд ва дар илми мизоҷшиносӣ ҳатман баррасӣ мешаванд!!!
#БАҲОР - ин фасл дорои мизоҷи гарму тар мебошад.
#ТОБИСТОН - гарму хушк
#ТИРАМОҲ - сарду хушк
#ЗИМИСТОН - сарду тар аст.
@tibbiniyogan
Оё медонистед соатҳои шабонарӯз ҳам мизоҷ доранд!?
#СУБҲ - гарму тар, ба монанди фасли баҳор
#ЗУҲР - гарму хушк, ба монанди фасли тобистон
#АСР - сарду хушк, ба монанди фасли тирамоҳ.
#ШАБ - сарду тар, ба монанди фасли зимистон аст.
@tibbiniyogan
Медонистед синну соли инсон ҳам мизоҷ доранд!?
Аз таваллуд то 15-солагӣ - мизоҷи гарму таранд.
Аз 15 то 35 солагӣ мизоҷи гарму хушканд
Аз 35 то 60 солагӣ мизоҷи сарду хушканд.
Аз 60-сола боло мизоҷи сарду тар мебошанд.
@tibbiniyogan
Мизоҷи баъдӣ мизоҷи маззаҳо мебошанд, ки ҳар мазза ба худ мизоҷи хосси худро доранд.
Маззаи ширин: гарму тар
Маззаи талхӣ, тундӣ ва шурӣ: гарму хушканд.
Маззаи турушӣ: сарду хушк
Мизоҷи чизҳои Бемазза: сарду тар мебошад.
@tibbiniyogan
Ҳамчунин медонистед ҳар як аъзои бадани мо ҳам мизоҷи худро доранд!?
Мағзи сар - сарду тар
Устухон ва мӯ - сарду хушк
Чарбӣ - сарду тар
Дил - гарму хушк
Шуш - гарму тар...
@tibbiniyogan
Саранҷом медонед маконҳо ҳам дорои мизоҷанд!?
Минтақаҳои кӯҳистонӣ - сарду хушк
Минтақаҳои биёбонӣ - гарму хушк
Минтақаҳои канори дарё - сарду тар
Минтақаҳои ҷангалӣ - гарму тар
@tibbiniyogan
#Хулоса
Дар қадим табибони мо ба монанди Абӯалӣ Сино тамоми бемориҳоро ба мизоҷ тақсимбандӣ менамуданд.
Беморӣ
ё аз гармӣ
ё аз сардӣ
ё аз тарӣ
ё аз хушкӣ
ё аз гармиву тарӣ #дамавӣ
ё аз гармиву хушкӣ #сафровӣ
ё аз сардиву тарӣ #балғамӣ
ё аз сардиву хушкӣ #савдовӣ
ва ё одами солим ки мизоҷи он муътадил мебошад...
Баъд гиёҳҳо ҳам мисли бемори дорои мизоҷанд ки бар хилофи мизоҷи бемории худ бояд аз гиёҳҳо истифода кунанд...
Масалан агар касе мизоҷаш гарм бошад бояд гиёҳҳое истифода кунад ки мизоҷи онҳо хунук бошанд.
Ё агар касе мизоҷаш хунук бошад бояд гиёҳҳое истифода кунад ки мизоҷашон гарм ҳастанд...
🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿
Барои ташхиси мизоҷ бояд ба мизоҷшинос муроҷиа намуд. Худи бемор наметавонад мизоҷи худро шиносад...
🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿
@tibbiniyogan
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев