Сарвазири кишвар бо сафари аз пеш таъйин шуда, асри имрӯз вориди Теҳрон шуда ва тавассути муовини аввали президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди истиқбол қарор гирифт.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон, имрӯз душанбе дар маҷмуи таърихию фарҳангии Саъдобод аз Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар, расман истиқбол гирифт.
Дар маросими истиқболи расмӣ, пас аз навохтани суруди миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъмурони олии ду кишвар аз воҳиди маросимӣ дидан карданд ва сипас ҳайатҳои олимартабаи ҳамроҳро ба якдигар муаррифӣ намуданд.
Баррасӣ ва мубодилаи назарҳо дар бораи роҳҳои тақвияти ҳамкории муштарак дар соҳаҳои дуҷониба аз ҷумлаи меҳварҳои музокироти муовини аввал раисиҷумҳури Эрон ва сарвазири Тоҷикистон мебошад.
Ҳамоиши иқтисодии Хазар аз имрӯз бо иштироки кишварҳои Русия, Туркманистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон дар Теҳрон оғоз шуда ва фардо дар сатҳи сарвазирони ин кишварҳо ва муовини аввали раисиҷумҳури Эрон идома меёбад. https://tajikpress.com/2025/02/17/%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%b8%d2%9b%d0%b1%d0%be%d0%bb%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d0%be%d0%b2%d0%b8%d0%bd%d0%b8-%d0%b0%d0%b2%d0%b2%d0%b0%d0%bb%d0%b8-%d0%bf%d1%80%d0%b5%d0%b7%d0%b8%d0%b4%d0%b5%d0%bd%d1%82%d0%b8/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев