Ба дунболи афзоиши ҳамлаҳои ДИИШ дар Афғонистон, Толибон мадрасаҳои марбут ба ҷараёни салафиро дар вилоятҳои Нангарҳор ва Кунар бастанд. Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки Толибон пайравони ҷараёни салафиро муттаҳам ба ҳимоят аз ДИИШ медонанд.
Толибон ба далели афзоиши ҳамлаҳои ДИИШ дар Афғонистон, фаъолияти мадрасаҳои салафиро дар вилоятҳои Нангарҳор ва Кунар қатъ карданд.
Ба гузориши хабаргузориҳои Афғонистон, ин тасмим пас аз ташдиди ҳамлаҳои ДИИШ гирифта шуд. Нангарҳор ва Кунар, ки бо Покистон марзи муштарак доранд, аз пойгоҳҳои аслии ДИИШ-и Хуросон дар Афғонистон ба ҳисоб мераванд.
Пас аз ин иқдоми Толибон, як мадраса дар ноҳияи Беҳсӯди Нангарҳор низ тасдиқ кард, ки фаъолияташ қатъ шудааст.
Манобеи огоҳ мегӯянд, ки аксари аъзои ДИИШ пайравони ҷараёни салафии афғон мебошанд, ки бо ҳукумати Толибон мухолифанд, зеро Толибон асосан пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд.
Ҳамчунин, манбаъҳо изҳор доштаанд, ки дар сафҳои Толибон гурӯҳҳои мусаллаҳе ҳузур доранд, ки бо ҷараёни ваҳҳобӣ мухолиф буда, онҳоро “воҷибул-қатл” мешуморанд.
Саркӯби пайравони ҷараёни салафӣ тавассути Толибон дар ҳоле сурат мегирад, ки онҳо ин ҷараёнро ҳомии ДИИШ ва рақиби худ медонанд. https://tajikpress.com/2025/02/17/%d0%b0%d1%84%d2%93%d0%be%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%82%d0%be%d0%bb%d0%b8%d0%b1%d0%be%d0%bd-2/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев