Ҷанги Украина, ки аз соли 2022 оғоз шудааст, то ҳол яке аз масъалаҳои муҳими сиёсатҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Паёмадҳои ин ҷанг танҳо ба Аврупо маҳдуд намешаванд, балки таъсири он ба Осиё ва дигар қисматҳои ҷаҳон низ эҳсос мешавад. Вазири корҳои хориҷии Ҷопон, Ивая Такеши, дар Конфронси амниятии Мюнхен таъкид кард, ки натиҷаи ин ҷанг метавонад паёмадҳои ҷиддӣ барои амният ва низоми ҷаҳонӣ дошта бошад. Аммо ин таъсирҳо дақиқан чӣ гуна дар Осиё зоҳир мешаванд?
Яке аз нуқтаҳои калидии баёншуда дар суханронии вазири корҳои хориҷии Ҷопон, таъсири ҷанги Украина ба низоми байналмилалӣ мебошад. Аз замони анҷоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, низоми байналмилалӣ, ки бар асоси қонунҳо ва муассисаҳои бисёрҷониба таҳти раҳбарии Ғарб буд, ҳукмрон буд. Бо вуҷуди ин, ҳамлаи Русия ба Украина нишон дод, ки ин низом то чӣ андоза осебпазир аст. Фурӯпошии ин низом метавонад боиси афзоиши рақобатҳои геополитикӣ дар Осиё низ гардад, минтақае, ки ҳоло ҳам шоҳиди афзоиши танишҳо миёни Чин ва Тайван, ихтилофҳо дар баҳри Ҷанубии Чин ва рақобати қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.
Вазири корҳои хориҷии Ҷопон ба таври махсус ба робитаи ҷанги Украина ва масъалаи Тайван ишора кард. Тайван ҳамеша яке аз нуқтаҳои ҳассоси таниш миёни Чин ва Ғарб, махсусан Амрико ва муттаҳидонаш дар минтақа, будааст. Ба ақидаи таҳлилгарон, агар Русия дар Украина ба ҳадафҳои худ бирасад, ин метавонад ба Чин ишора кунад, ки метавонад бо иқдомоти шабеҳ, назорати Тайванро ба даст гирад. Дар ин сурат, танишҳои низомӣ дар Шарқи Осиё ба таври назаррас афзоиш хоҳанд ёфт. Ин нигаронӣ дар ҳоле баён мешавад, ки Амрико ва муттаҳидонаш дар минтақа, бахусус бо Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Австралия, ҳамкориҳои амниятии худро тақвият медиҳанд. https://tajikpress.com/2025/02/16/осиё-русия-украина-ҷопон/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев