15 январ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои савдо ва саноати нассоҷӣ Нокергулӣ Атагулиев мулоқот намуд.
15 январ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои савдо ва саноати нассоҷӣ Нокергулӣ Атагулиев мулоқот намуд.
Дар ин хусус «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷоратӣ баррасӣ гардида, оид ба имконияти ифтитоҳи иншооти саноатии муштарак табодули афкор анҷом дода шуд.
Ҳамзамон зарурати андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати афзоиши минбаъдаи ҳаҷми савдо байни ду давлат таъкид гардида, иштироки фаъоли доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорон дар намоиш ва ҳамоишҳои тиҷоратии ҳамдигар ба мақсад мувофиқ дониста шуд. https://tajikpress.com/2025/01/19/%d0%bc%d1%83%d0%bb%d0%be%d2%9b%d0%be%d1%82%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d1%84%d0%b8%d1%80%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d0%b1%d0%be-%d0%bc%d1%83%d0%be%d0%b2%d0%b8%d0%bd-2/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев